Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

04.04.2022 // Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Бо ибтикори садорат ва шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи вилоятии оммаввии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 4-уми апрели соли 2022 дар толори китобхона конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ - зинаи аввали таҳсилоти фарогир» ташкил ва гузаронида шуд.

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Меҳмонони конфронс раиси Ассотсиатсияи нуқсоншиносони вилояти Суғд дотсент Раҳмонов З.П., роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Ахмедова С., логопеди ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Икромова М.К., мутахассиси равоншиноси инкишофи бармаҳали кӯдакони ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Абророва Х.А., мураббии махсуси ношунавоён дар ширхоргоҳи кӯдакистони №26, сурдопедагог Болтубоева С.О., логопеди маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд Ёқубова М., логопеди мактаб-интернатӣ махсус барои бачагони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сурдобедагоги мактаб-интернатӣ махсус барои бачагони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мудири шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ хонандагон, донишҷуён ва кормандони китобхона низ иштирок доштанд.

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Конфронсро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, номзади илмҳои филологӣ Мирсаидов Б.Т. оғоз намуда, меҳмонони маҳфилро ба аҳли толор муаррифӣ намуд. Мақсад ва мӯҳтавои конфронсро ба иштирокчиён шарҳ дод ва аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба маъюбону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдоварӣ намуд.

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Сипас аз рӯи барномаи конфронс раиси Ассотсиатсияи нуқсоншиносони вилояти Суғд дотсент Раҳмонов З.П. доир ба мавзӯи «Педагогикаи Монтесорӣ: инкишоф ва маърифатнокии синнӣ барвақтии кӯдак» ба аҳли чорабинӣ маърӯза намуд. Ӯ низ аз ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба беморон ва маъюбон хотирасон гардид.

Баъдан роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Ахмедова С. оид ба мавзӯи «Таърихи амалишавии барномаи дахолати барвақтӣ дар фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» баромад намуд. Зимни баромади худ, номбурда фаъолияти пурсамари ин ташкилот роҳҳо ва методҳои кории кормандонро ба аҳли нишаст шарҳ дод.

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

«Давраҳои амалишавии барномаи дахолати барвақтӣ: баҳогузорӣ, истифодаи саволномаи АSQ, баҳогузории гурӯҳӣ, мусоҳибаи муқаррарӣ, нақшаи инфиродии кор бо кӯдаку оила»- ро логопеди ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Икромов М.К. ба иштирокчиёни конфронс муаррифӣ намуд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳо дар бораи аутизм бештар сухан мекунанд. Аутизм ё ин ки ихтилоли спектри аутизм ба доираи васеи шароитҳое дахл дорад, ки бо мушкилот ба малакаҳои иҷтимоӣ, рафтори такрорӣ, нутқ ва муоширати ғайрирасмӣ тавсиф мешавад. Ин як бемории неврологӣ аст, ки ба тафаккур, дарк, таваҷҷӯҳ, малакаҳои иҷтимоӣ ва рафтори шахс таъсир мерасонад.

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Ба ҳамин мазмун мутахассиси равоншиноси инкишофи бармаҳали кӯдакони ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Абророва Х.А. дар мавзӯи «Аутизм-аз ташхис то фарогирӣ» ба ҳозирин маърӯза намуд.

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Бо ташшаббуси сардори шуъбаи бачагонаи китобхона, ки дар ҳамкорӣ бо хонандагони Литсейи физикӣ-математикии ба №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ саҳнаеро зери унвони «Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш» омода карда буданд, пешкаши аҳли конфронс гардониданд.

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Дар охири чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ ба аъзоёни он дафтарчаҳои ташкилот супорида шуд. Ҳамчунин роҳбарияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ ду нусха китобро чун тӯҳфа ба Китохонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳадя намуда, ба садорат ва кормандони китобхона, ки ин маҳфилро ташкил намуданд, изҳори миннаддорӣ намуд.

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

 

Конфронси илмӣ-амалии «Барномаи дахолати барвақтӣ- зинаи аввали таҳсилоти фарогир»

Шуъбаи табъу нашри Китобхона