Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

13.04.2022 // ДУШАНБЕ – ПОЙГОҲИ МИЛЛАТ

Ҳар кишвари дунё дорои пойтахти хеш мебошад, ки Тоҷикистони азизи мо низ аз зумраи онҳост. Шаҳри Душанбе маркази маъмурию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз бо табиати нотакрораш, бо биноҳои баландошиёнааш ва бо мардуми меҳмонқарину меҳмоннавозаш ҷалиби диққати сайёҳон ва мардуми мо гардидааст. Аз санаи 16-уми апрели соли 1924 инҷониб шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст. Имрӯз  дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шаҳр боз ҳам зебову рангин гардида ҳусну таровати хосаеро ба худ касб намудааст.

ДУШАНБЕ – ПОЙГОҲИ МИЛЛАТ

Ба ҳамин мазмун, мувофиқи нақша-чорабинӣ, санаи 13-уми апрели соли равон ба муносибати Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳри Душанбе, дар шуъбаи толори хониши Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ суҳбат зери унвони «Душанбе – пойгоҳи миллат» багузор гадид, ки дар он устодон ва донишҷӯёни макотиби олӣ иштирок намуданд.  Инчунин намоиши китобию матбуотӣ, низ ташкил гардида буд, ки  аз он  иштирокчиён ва хонандагон дидан карданд.

ДУШАНБЕ – ПОЙГОҲИ МИЛЛАТ

Маҳфилро сардори шуъбаи толори кўдакон ва наврасон Собирова Дилрабо ибтидо бахшида, мақсад ва мӯҳтавои ҷамъомадро иброз намуд ва иштирокдоронро  ба китобхона хайрамақдам хонд.

Сипас оиди таърихи шаҳри Душанбе  китобдори дараҷаи 1-и шуъбаи толори хониш  Усмонова Сурайё ба иштирокдорон маърӯза намуд. Дар маърӯза таърихи шаҳри Душанбе аз солҳои таъсисёбӣ, то замони имрӯз ба таври мухтасар  дарҷ гардида буд.

ДУШАНБЕ – ПОЙГОҲИ МИЛЛАТ

Дар баробари ин, аз тарафи кормандони шуъбаи электронӣ намоиши слайдӣ, ки фарогири манзараҳои ин шаҳри дилошуб буд, баҳри аҳли нишаст пешкаш карда шуд.  Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ китобдори китобхона Собирова Дилрабо дар васфи шаҳри Душанбе шеърҳо қироати намуд.

Дар фарҷоми маҳфил барои боз ҳам шавқовар доир гаштани ин  чорабинӣ бо аҳли нишаст оиди шаҳри Душанбе саволу ҷавоб доир гардид, ки ба он Носиров Осимбой омўзгори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»,  Раҳмонов Шодовар донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Собирова Нигина донишҷўи бахши 1-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, хонандаи доимии шуъба Комилов Ҳусниоллоҳ, китобдорони  китобхона Қаюмова Манзура, Бобохонова Мухлиса, донишҷўён ва ҳамкасбон, хеле фаъолона иштирок намуда ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд  ташкил ва гузаронида шуд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона