Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

18.04.2022 // ШОИРИ МАҲБУБ ВА ДРАММАТУРГИ ТОҶИК

Шоир ва драммматурги барҷастаи тоҷик Аъзам Сидқӣ 18-уми апрели соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1953 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расонида, муддате дар рӯзномаю маҷаллаҳои марказӣ фаъолият бурдааст.

Дар давоми солҳои гуногун котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардори Раёсати санъати Вазорати маданият, сармуҳаррири Кумитаи радио ва тевизиони ҷумҳурӣ, директори Киностудияи «Тоҷикфилм», Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов будааст. Баъдтар аз Душанбе ба зодгоҳаш кӯчида, то давраи ба нафақа баромадан сармуҳарририи маҷаллаи «Хуҷанд»-ро ба дӯш доштааст.

Дар соҳаи назму наср, очерку публитсистика ва драматургия хомафорсоӣ намудааст. Шеъру суруду манзумаҳои барои калонсолону наврасон эҷодкардааш дар маҷмӯаҳои «Ниҳоли орзу» (1957), «Каттача» (1957), «Дар сари кӯҳи баланд» (1961), «Телпакамро хунук хӯрд» (1965), «Олимҷон мактабхон шуд» (1966), «Баҳору лолаву ишқ» (1971) ва ғ. ба табъ расидаанд. Муаллифи силсилаи очеркҳои проблемавӣ ва портретӣ буда, ки машҳуртаринашон «Ҷӯра-саркор»(1957), «Фарзанди замон»(1962), «Раҳимбой Раҳматов» (1972), «Дар он солҳои пурошӯб» (1990) мебошанд, ки дар мавзӯъҳои ватандорию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу амният ва дӯстии халқҳо навишта шудаанд. Дар заминаи очерки «Ҷӯра-саркор» филми мусаннади бадеӣ ҳам офарида шудааст, ки дар миёни мардум маҳбубияти тамоме пайдо кардааст.

Аксари асарҳои саҳнавии ӯ – «Иродаи зан» (1959), «Супориши ЧК» (1965), «Адои қарз»(1967), «Пароли нав» (1969), «Дилшод» (1975), «Шарораи муҳаббат» (1981), «Достони Самандар» (1981), «Сояи шайтон» (1983), «Захми сӯзон» (1984), «Адолат» (1993), «Камоли Хуҷандӣ» (1996), «Пайраҳаи зиндагӣ» (2003) ва ғ. дар театрҳои гуногуни Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Муаллифи романҳои «Оташ дар қабристон» (1972), «Ашку оташу ишқ» (манзум; 1977), «Дар олами сарсонӣ» (1985), «Пайраҳаи қисмат» (1997), «Ситораи ашк» (2000) ва «Тӯй болои тӯй» (2014) мебошад. Асарҳои ҷудогонааш ба забони русӣ ва дигар мардуми олам тарҷумаву чоп шудаанд. Навиштаҳои алоҳидаи В. Губарев, А.Мусатов, А. Ҳоҷиниёзов, С. Попович, П. Калдерон ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо медалҳо ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1996). Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2011 аз олам даргузашт.

Ба муносибати 95-солагии драмматурги тавоно, санаи 18-уми апрели соли равон  бо ибтикори садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва шуъбаҳои толори хониш, кудакон ва наврасон, матбуоти даврӣ ва хизматрасонӣ намоиши китобиву матбуотӣ  ташкил карда шуд, ки хонандагон аз он итифода намуданд. Дар намоиши китобиву матбуотӣ мақолаву асарҳои Аъзам Сидқӣ  ва мақолаву таҳқиқотҳои дар бораи драмматург эҷодшударо мавриди истифодаи хонандагон ва истифодабарандагони  хизматрасониҳои китобхона қарор дода шуд.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхона