Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

05.05.2022 // Дарёи меҳр

(Ба муносибати 90 – солагии шоир ва рўзноманигор  Мавҷуда Ҳакимова)

Мавҷуда Ҳакимова 5 майи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958 факултаи таъриху филологияи  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистонро  хатм кардааст. Мавҷуда Ҳакимова аз оғози фаъолияти меҳнатӣ ба рўзноманигорӣ машғул буд. Аввал ходими адабӣ   баъд муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал», сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»(1970—1971) ва моҳномаи бонувон «Занони Тоҷикистон» (1985—1990) сармуҳаррири маҷаллаи   «Фирӯза»,   фаъолияти босамар дошт.

Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Пионери Тоҷикистон» чоп шудааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Суруди саҳар» (1964), «Илҳом» (1970), «Мошини мошинсавор» (1972), «Ба сӯйи нур» (1976), «Набзи роҳ» (1977), «Тӯйи баҳор» (1980), «Диёри муҳаббат» (1987), «Бӯйи баҳор» (2002) ва амсоли инҳо мебошад.

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Мошин дар мошин» (1972), «Қатраи Офтоб» (дар тарҷумаи ӯзбекӣ; Тошканд, (1975), «Наш Нурек» (1975), «Дастони моҳир» (1978), «Баҳори шукуфон» (1980), «Шаршара» (1982) ва «Кто красивый?» (1982) барои бачагон офарида шудаанд.

Шоираи ширинкалом бо орденҳои «Нишони фахрӣ» ва «Дӯстии халқҳо», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок, Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин», Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1963 сар карда,  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. 

Шоираи ширинсухан 2 январи соли 1993 дунёро падруд гуфтааст.

Ба муносибати 90– солагии шоир ва рўзноманигор  Мавҷуда Ҳакимова  санаи 5-уми майи  соли ҷорӣ дар толори китобхонаи МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд  аз тарафи кормандони шуъбаи бачагонаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили шеърхонӣ таҳти унвони «Дарёи меҳр» ташкил карда шуд, ки дар он хонандагони синфи 4-и муассиса  иштирок намуданд.

Чорабиниро китобдори муассиса Ҳоҷибоева Шаҳноза оғоз намуда, мақсад ва мароми ташкили ин чорабиниро ба хонандагон фаҳмонид. Сипас сардори шуъбаи  кўдакон ва наврасони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Собирова Дилрабо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шоираи ширинбаён маълумот дод.

Инчунин якчанд шеърҳои шоираро ба иштирокдорон қироат намуда, китобҳои мавсуфро  муаррифӣ намуд. Дар рафти маҳфил хонандагон Абдуқаюмов Ислом, Саидалиева Муаззам, Мансурова Дилшода, Муҳиддини Самир, Ниёзова Омина, Олимов Ҳасанҷон аз ашъори  шоира шеърҳои “Алвончак”, “Маро нағз мебинед?”, “Мактабам”, “Бо Ватан”, “Ки хушрў?”, “Лола”, “Ҷўраҷон”, “Номи модарат чӣ буд?”-ро қироат намуданд.  

Бояд тазаккур дод, ки дар рафти маҳфил  шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият, модар, падар, китоб, дониш, хирад аз тарафи хонандагон қироат карда шуд.

Дар охир сардори китобхонаи МТМУ №12  Ниёзова Дилрабо   минатдории худро ба ташкилкунандагон ва садорати  Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баён намуда, таъкид намуд, ки ташкили ҳамин гуна маҳфилҳо дар муассисаҳо зиёд гардида, хонандагон ба китобхонӣ бештар ҷалб карда шаванд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона