Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

06.05.2022 // ТАБИБИ РОЗДОН

«Табиби воқеӣ бояд сифатҳои ҳалимию хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат намояд»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон


Табиати Тоҷикистон асрорангез ва дилрабост. Табиат бо обҳои шифобахшу растаниҳои доругиаш метавонад дармонбахши чандин бемориҳо бошад. Дар замони гузашта табиби маъруф Абуалӣ ибни Сино бо воситаи гиёҳҳои шифобахш беморонро табобат менамуд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби шинохта, равоншинос, дилшинос, гиёҳшиноси барҷастаи халқи тоҷик ба шумор меравад. Ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик умри гаронмояи худро  барои тандурустӣ ва ободии миллати худ сарф мекунад ва бо меҳнату заҳматҳои илмию таҳқиқотии худ барои Ватан хидмат мекунад. Муллозуҳур Тоҳирӣ яке аз он табибонест, ки таълимоти илмӣ аз Ибни Сино, Ал-Форобӣ, Ибни Рушд ва Луқмони Ҳакимро омӯхта, дар таҳқиқи гиёҳшиносӣ ва дорусозии миллати тоҷик саҳми калон гузоштааст.

Ба ҳамин муносибат санаи 6-уми майи соли равон бо ибтикори садорат ва шуъбаи тиббии  Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Табиби роздон», ки ба фаъолияти таҳқиқотӣ, шифокорӣ ва адабии пизишки маъруф, номзади илмҳои тиб, дорандаи медали «Шафқат», Аълочии тандурустӣ, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллозуҳур Тоҳирӣ бахшида мешавад, ташкил ва гузаронида шуд.

Ба ин хотир дар даромадгоҳи китобхона намоиши китобӣ ва матбуотӣ ташкил гардид, ки дар он  осори пурарзиши муҳаққиқ ва табиби маъруф, дорувориҳо ва намунаи гиёҳҳои шифобахш ба маърази истифодаи хонандагону меҳмони маҳфил гузошта шуда буд.

Дар маҳфил донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Исҳоқӣ хонандагони доимии китобхона ва  командон иштирок намуданд. Меҳмонони маҳфил Аълочии матбуот, Шоири халқии Тоҷикистон Додохони Эгамзод, номзади илмҳои кимиё, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Қобилов Нарзулло, шоир, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ассотсиатсияи табибони халқии Тоҷикистон Темурмалик Рустамзод, номзади илмҳои педагогӣ Олов Саидмуҳаммад, бевосита  табиби чирадаст Муллозуҳур Тоҳирӣ ва  ҳамкурсону пайвандони номбурда буданд.

Маҳфилро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ номзади илмҳои филологӣ Мирсаидов Баҳром оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба китобхона хайрамақдам хонд ва табиби шинохта Муллозуҳур Тоҳириро ба ҷашни 70- солагиаш табрик намуд.

Дар ибтидои маҳфил наворҳо аз фаъолияти шифокории Муллозуҳур Тоҳирӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Сипас,  Аълочии матбуот, Шоири халқии Тоҷикистон Додохони Эгамзод зери мавзӯи «Табиби исавиҳуш» баромад намуда, аз муносибатҳои дустии худ ва номбурда ба аҳли толор  нақл намуд.

Баъдан номзади илмҳои кимиё, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Қобилов Нарзулло оид ба «Фаъолияти табиб Муллозуҳур Тоҳирӣ дар вилояти Суғд»  маърӯза намуд.

Ҳамчунин оид ба  «Нақши Муллозуҳур Тоҳирӣ дар пешбурдӣ гиёҳдармонӣ» шоир, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ассотсиатсияи табибони халқии Тоҷикистон Темурмалик Рустамзод баромад кард.

Дар баробари ин номзади илмҳои педагогӣ Олов Саидмуҳаммад таҳти унвони «Адиби гавҳарсухан ва табиби шинохта» ба иштирокдорони маҳфил маърӯза намуд.

Илова бар ин наздикону пайвандон ва шогирдону дӯстон низ Муллозуҳур Тоҳириро ба ҷашни 70-солагӣ табрик намуданд.

Дар охир Муллозуҳур Тоҳирӣ миннатдории худро ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ иброз када, доир ба фаъолити хеш ва мақсадҳои банақшагирифта дар раванди гиёҳдармонӣ ба ҳозирин ибрози андеша кард.

Иштирокдоорони маҳфил ба  табиби шинохта саволҳои худро пешниҳод намуда ҷавобҳои мушаххаст гирифтанд.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхона