Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

Саноатикунонии мамлакат - тақозои замон

«Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегияи рушди миллӣ ба шумор меравад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки санаи 21-уми декабри соли 2021  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.

Ба ҳамин муносибат санаи 13-уми майи соли равон дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ конфронси илмӣ бо иштироки кормандони соҳаи саноат баргузор гардид. Дар конфронс хонандагони доимии китобхона, кормандон ва донишҷӯёни макотиби олӣ иштирок намуданд.

Меҳмони маҳфил муҳандиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Итолиё ҶДММ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд Раҳмонова Муҳаббат буд.  Ҳамчунин донишҷӯён аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ба конфронс ташриф оварда буданд, ки баромадҳои хубро пешкаши иштирокдорон намуданд. Барои бозҳам хубтар гузаронидани ин конфронс бо ибтикори шуъбаи техникӣ-кишоварзӣ намоиши китобиву матбуотӣ ташкил карда шуд, ки иштирокдорон ва хонадагон аз он истифода намуданд. Дар намоиш китобу рӯзномаҳои ба ин соҳа бахшидашуда мавриди намоиш қарор дода шуд.

Конфронсро директории Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оғоз намуда, аҳли толорро ба китобхона хайрамақдам намуд ва аз эълон гардидани  солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ёдовар шуд. Мақсади ташкили конфронсро ба ҳозирин равшан намуда, меҳмононро муаррифӣ кард.

Сипас муҳандиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Итолиё ҶДММ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд Раҳмонова Муҳаббат доир ба эълон гардидани «Солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» баромад намуд. Номубурда дар баромади худ оид ба муносибатҳои шариконаи Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷаро  дар соҳаи саноат ба ҳозирин шарҳ дод.

Дар баробари ин донишҷӯи бахши 4-уми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Юсупова Аниса  дар мавзӯи «Тараққиёти саноати дӯзандагӣ дар даврони соҳибистиқлолият»  ба ҳозирин маърӯза намуд.

Баъд доир ба мавзӯи «Саҳми ширкати Ҷавонӣ дар омоданомоии мутахассисони оянда»  Назарова Тахмина, ки донишҷӯи бахши 2-уми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад маърӯза кард.

Ҳамчунин Нурматова Гулрӯ донишҷӯи бахши 2-уми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ доир ба мавзӯи «Коркарди технологии истеҳсоли кӯрпаҳо аз пасмондаҳои истеҳсолоти нассоҷӣ» баромад намуд.

Дар охир муҳандиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Итолиё ҶДММ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд Раҳмонова Муҳаббат миннатдории кормандони саоҳаи саноатро ба ташкилкунандагон ва садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ расонид.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона