Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

31.05.2022 // Дунё бо кӯдакон механдад

«Мо аз рӯзҳои аввал давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон ва ояндаи мардумамон низ идома медиҳем».

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат мебошад. Бо назардошти ин муносибат дар саросари дунё рӯзӣ 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Ба ҳамин муносибат бо ибтикори садорат ва шуъбаҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, санаи 31-уми майи соли 2022 дар толори китобхона маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Дунё бо кӯдакон механдад»  баргузор гардид. Меҳмонони маҳфил Раиси бахши суғдии  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Аълочии матбуот, Шоири халқии Тоҷикистон Додохони Эгамзод, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори соҳаи китобдорӣ ва китобхонашиносӣ  Нодирҷон Солиҷонов буданд. Ҳамчунин, 30 нафар  кӯдакон аз кӯдакистони “Меҳросо” бо роҳбарии  Розиқова М, 20 нафар аз кӯдакистони №33 бо роҳбарии Негматова М. ва Дониёрова С., хонандагон аз МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Темирова М, кормандони Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Раҳматова З. ва Шарипова Г, мудири шуъбати рузномаи “Ҳақиқати Суғд” Каримова Ш. ва хонандагону кормандони китобхона иштирок намуданд.

Маҳфилро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, номзади илмҳои филологӣ Мирсаидов Баҳром оғоз намуда,  ташрифи меҳмонон ва иштирокдоронро ба китобхона хайрамақдам хонд ва меҳмононро ба иштирокдорон муаррифӣ намуд.

Сипас  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ҳамаи иштирокдорон ва кӯдакону наврасонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд табрик намуд.

Бояд ёдовар гардид, ки чорабиниро дар даромадгоҳи китобхона  гурӯҳи карнайнавозони мактаби санъати баҷагонаи №4–и шаҳри Хуҷанд бо навозиши худ шукӯҳи дигар зам намуданд. Инчунин намоиши китобиву матбуотӣ аз тарафи шуъбаҳои китобхона ташкил карда шуд, ки дар он китобҳои кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ ва рӯсӣ мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифт.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил суруди “Ватан” аз тарафи ҳунармандони Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров, қироати шеърҳо аз тарафи кӯдакони кӯдакистни “Меҳросо”, рақси гурӯҳӣ аз тарафи кӯдакони кӯдакистони №33, намоишнома бо номи “Ҳар ки китобхон шавад...” аз тарафи ҳунармандони Театри давлатии лухтаки шаҳри Бӯстон, навозиш аз тарафи дойранавозони мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералӣ, саҳначаи тарбиявӣ зери лавҳаи “Дилором ва Хиромон” аз тарафи дӯстрӯякони гурӯҳи миёнаи кӯдакистони “Меҳросо”, сурудҳо аз тарафи сарояндаи Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров,  Хушовари Хуршед манзури иштирокчиён ва меҳмонон гардонида шуд.

Дар охири маҳфил ба зиёда аз 100 нафар кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотирмон супорида шуд, ки сарпарастони ин туҳфаҳо ширкати “Мерси Баку”, ширкати  хушкнонрезаи бомаззаи “Хушхурак”, ширкати хушкнонрезаи бомаззаи “Крутоны”, бонки “Арванд”, Маркази фурӯши ашёи хониши воқеъ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, ширкати “Молочная радость” ва чанд нафар шаҳрвандоне, зикри номашонро муносиб надонистанд ҳадя гардид.

Дар интиҳои маҳфил директори Китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ миннатдории худро ба сарпарастон иштирокчиён ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ расонид.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона