Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Бо мақсади  иҷрои  қарори №1/6-В маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6 январи соли 2022 ва мактуби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии  китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи  ҳидоят» ба хотири  ҷалби кӯдакону наврасон  ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ, афзун гардонидани майлу рағбати насли рӯ ба камол ба эҷодкорӣ, дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватанпарастӣ, зебоиписандӣ, тарбия намудани нарасону ҷавонон, гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа  давоми моҳи июли соли равон дар байни китобхонаҳои марказӣ  ва китобхона-филиалҳои шаҳру навоҳии вилоят озмуни мазкур гузаронида шуд.

Барои озмуни мазкур  аз тарафи раёсати фарҳанги вилоят ҳайати тадорукот ва ҳаяти ҳакамонон ташкил карда шуд, ки  шурӯъ аз санаи 18-уми апрел то 07-уми майи соли 2022 аз  китобхона ва муассисаҳои фарҳангиии шаҳру навоҳии вилоят дидан намуданд.

Дар рафти омӯзишу санҷиши китобхонаҳо ҳайати ҳакамон бо китобдорону китобшиносони шаҳру ноҳияҳо сӯҳбату машваратҳо гузаронида, дар ислоҳи баъзе камбудиҳои мавҷуда маслиҳатҳои методӣ доданд. Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Чароғи  ҳидоят»  шавқу рағбати китобдоронро ба  касби пурифтихори худ афзун сохт.

Тибқи шартҳои озмун дар даври аввал - даври  вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ,  китобхонаи марказии шаҳри Исфара ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Айнӣ, китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен, китобхонаи-филиали №15 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва китобхона-филиали №22 шаҳри Панҷакент барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона