Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

ТАШКИЛИ РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД БА МУНОСИБАТИ «РӮЗИ ДОНИШ»

Дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб, кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон манбаи фазлу камол буда,  инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯбарӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро ба роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад.

Дарёфтани дониш ва соҳиби савод гардидан маҳз аз мутолиаи китоб мебошад, зеро дар китоб дарси дурусти одобу ахлоқ ва рафтору кирдор дарҷ гардидааст. Китоб ёр, бехтарин дӯстдору ғамхор ва нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони  инсони комил ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ҳамасола санаи 1-уми сентябр дар миқёси ҷумҳуриамон «Рӯзи дониш»  яъне оғози соли хониш таҷлил карда мешавад. Маҳз бо  кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола иншоотҳои гуногун аз ҷумла мактабу литсейҳо ва муассисаҳои томактабӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки боиси рушди соҳаи маориф мегардад.

Ба ҳамин муносибат бо ибтикори садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 1-уми сентябри соли равон дар китобхона  Рӯзи дарҳои кушод таҷлил гардид. Дар ин рӯз аз тарафи шуъбаҳои толори хониш, толори кӯдакон ва наврасон, шуъбаи хизматрасонӣ  намоиши китобӣ, аз тарафи шуъбаи матбуоти даврӣ намоиши матбуотӣ ва аз тарафи кормандони шуъбаи электронӣ намоиши слайдӣ ташкил карда шуд, ки хонандагон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои китобхона аз он дидан намуданд.

Шуъбаи табъу нашри
Китобхонаи вилоятии 
оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ