Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

КИТОБХОНАРО ҒАНӢ МЕГАРДОНЕМ

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ яке аз китобхонаҳои бонуфузи сатҳи ҷумҳурӣ буда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар ва сатҳи донишомӯзии аҳолӣ саҳми калон дорад. Шуъбаи матбуоти даврӣ яке аз шуъбаҳои хизматрасонии серхонанда ба ҳисоб рафта, қариб тамоми рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллию марказии имрӯзаи Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шӯравиро дар махзани худ нигаҳдорӣ ва ба хонандагон пешниҳод менамояд.

Дар бойгонии шуъба рӯзномаҳо аз соли 1969 ва маҷаллаҳо аз соли 1951 то инҷониб нигаҳдорӣ карда мешавад. Дар замони Шӯравӣ рӯзномаҳо муқовабандӣ карда мешуд. Пас аз солҳои навадум бо сабабҳои гуногун  муқовабандӣ ва таъмири китобҳо андак ба таваққуф монд, ки ин хавфи нобудшавии рӯзномаю китобҳоро ба миён овард. Соли 2016 бо ибтикори садорати Китобхонаи вилоятии оммавии  ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар китобхона ҳуҷраи махсус ҷудо гардида тахассусманди соҳаи табъу нашр ва муқовабандӣ ба кор ҷалб гардид, ки дуюмбора муқовабандии рӯзномаҳо ва таъмири китобҳо ба роҳ монда шуд. Имрӯзҳо барои ҳифз ва дар ҳолати хуб нигаҳдории нашрияҳо ҳамаи онҳо саривақт муқовабандӣ гардида,  дар рафҳои махсус ҷойгир карда мешаванд.

Махзани шуъба то имрӯз 8790 нусха рӯзномаю маҷалларо дарбар гирифта, аз он 2628 нусха ба забони тоҷикӣ, 5722 нусха ба забони русӣ ва 440 нусха ба забони ӯзбекӣ мебошад, ки ҳамарӯза зиёда 85-90 нафар хонандагон аз ин махзан истифода мекунанд. Китобхона ҳамасола ба зиёда аз 72 номгӯ рӯзномаю маҷаллаҳо аъзо мешавад, ки ин боиси зиёд гардидани махзани матбуотии китобхона мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки моҳи июли соли равон аз  хазинаи адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи аллома Садриддин Айнӣ, устод Абдухолиқи Набавӣ рӯзномаҳои зиёд ба китобхона ҳадя гардид. Барои аз шаҳри Душанбе дастрас намудани рӯзномаҳо  марди хайрхоҳ Пӯлодов Наимҷон кӯмак расонида, дар тадоруки интиқоли он профессор Нуралӣ Нуров саҳми худро гузоштаанд. Устод Абдухолиқ Набавӣ худ хатмкардаи Институти омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М.Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) буда, собиқ хонандаи фаъоли китобхона мебошад.

Китобдорони китобхона Рабиева Рокиябону, Ҳафизова Моҳирахон, Тоҷибоева Муқаддас, Подчоева Саодат, Қаюмова Манзурахон, Самадова Нигора, Абдуллоева Гулчеҳра ва Ҳоҷибоева Хайриниссо рӯзномаҳоро аз рӯи соли нашр ба тартибу танзим дароварданд.

Шарипова Мавлуда, ки имрӯзҳо вазифаи муқовабанди китобхонаро ба ӯҳда дорад, дар ҷодаи касби хеш соҳиби маҳорати баланд мебошад ва ин рӯзномаҳоро дар 80 баста муназзам  ва муқовабандӣ намуд, ки рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат (соли 2013)», «Ҷавонони Тоҷикистон (соли 2011)», «Баҳори аҷам (солҳои 2007,2008,2018)», «Тоҷикистон (солҳои 2006, 2013, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020)», «Ҷумҳурият (соли2018)», «СССР (солҳои 2009,2010,2011,2012,2013,2020)», «Омӯзгор (соли 2018)», «Самак (солҳои 2016,2017,2018,2021)» ва дигар рӯзномаҳоро дарбар мегирад. Ҳамаи рӯзномаҳои бандубастгардида ба шуъбаи матбуоти даврии китобхона супорида шуд, то ки хонандагон аз он истифода намоянд.

Садорат, кормандон ва хонандагони сершумори Китобхонаи виолоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба устод Абдухолиқи Набавӣ миннатдории хешро мерасонанд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ