Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

22.09.2022 // Намоиши китобиву матбуотӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз саромадон ва устоди бузурги шоирону суханварони  адабиёти классикии форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ ҳанӯз замони дар ҳаёт буданаш ба сифати шоири шинохтаву тавоно эътироф гардидааст. Рӯдакиро бо эҳтироми ниҳоят зиёд пешвои аҳли илму адаб, маликушшуаро ёд мекунанд. Ӯ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ бо номи сардафтар ва ё асосгузори адабиёти форсу тоҷик маълуму машҳур шудааст. Мероси адабии шоир хеле доманадор буда, тамоми мавзӯъҳои ҳаётиву ичтимоиро фаро гирифтааст. Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки дар эҷодиёти шоир ҷойи намоёнро ишғол менамояд, ин мавзӯъҳои пандуахлоқӣ мебошад.

 Дар ашъори пандуахлоқии шоир масъалаҳои тарғибу ташвиқи одобу ахлоқи баланди инсонӣ, одаму одамгарӣ, дӯстиву рафоқат, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳунару ҳунарварӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Васфу ситоиш ва тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат дар эҷодиёти шоир ҷойи намоёне дорад. Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарӣ дар идеали ҳар шахс ҷойи махсус дорад, Рӯдакӣ дӯстиву бародариро беҳтарин неъмати худовандӣ шуморида, фироқи дӯстони ҳунармандро таҳаммул надорад. Рӯдакӣ бо шеъри баландарзиши хеш хишти аввали адабиёти моро гузоштаву ба мо мерос додааст.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола санаи 22-юми сентябр дар Тоҷикистони азизамон ҳамчун рӯзи гиромидошти Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ба ҳамин мазмун санаи мазкур бо ибтикори садорат ва кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар даромадгоҳи китобхона намоиши калони китобиву матбуотӣ зери унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад» ташкил карда шуд, ки аз он хонандагони китобхона дидан намуданд. Дар намоиш осори пурғановати шоир ва таҳқиқоту мақолаҳои ба шоир бахшидашуда ба маърази хонандагон пешниҳод гардид. Ба тариқи оинаи нилгун намоишномаҳо ва слайдҳо бахшида ба рӯзгори шоир ба саҳми хонандагон расонида шуд.

Ҷои ёдоварист, ки дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ осори гаронмояи шоир, мақолаҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои ба шоир бахшидашуда, намоишномаву филмномаҳо оид ба рӯзгори шоир вуҷуд дорад, ки ҳамеша дастраси хонандагон ва муроҷиаткунандагон мебошад. Дар шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона кутти картатекаҳои алоҳида, ки номгӯи осори шоир ва мақолаву тадқиқотҳои ба шоир бахшидашударо фаро мегирад ташкил гардидааст.

Дар баробари ин дар китобхона-филиалҳои Китобхонаивилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, ки дар муассисаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ҷойгиранд намоишу маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки хонандагон гузаронида шуд.

Шуъбаи табъу нашри
Китобхонаи 
вилоятии оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ