Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

30.09.2022 // ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

«Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳанӯз дар асри дувоздаҳ метавон як навъ оғози муколамаи Шарқу Ғарб дар таърихи афкори иҷтимоиву сиёсӣ шуморид».

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат,
 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷалолиддини Румӣ аз ситорагони рахшони осмони илму адаби форсу тоҷик буда, дар дунёи паҳновари сухан ҳамчун шоири ориф, ошиқи содиқ ва тарғибгари маърифат шинохта шудааст. Номи ин шоири шўҳратёр, орифи роҳи ҳақ Муҳаммад буда, Ҷалолиддин лақаби ифтихории ўст. Ў зодаи шаҳри Балх аст ва аз ин боис ўро Ҷалолиддини Балхӣ низ мегўянд.

Мероси адабии Мавлоно Румӣ пурғановат ва рангоранг аст. «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» ё «Кулиёти Шамс» ба шоир шўҳрати ҷаҳонӣ тақдим доштаанд. Бунёди осори шоирро мавзўи ишқ ташкил медиҳад. Барҳақ, ҳамзамонону муштоқони ашъори оламгираш ўро ҳамчун сарояндаи ишқу зебоӣ, солики роҳи тариқат ва орифи маъруф эътироф кардаанд.

ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Ишқ мафҳумест, ки дар ирфон мавқеи хоса дорад. Бузургӣ ва покии ишқ дар тасвири шоири ориф бо рангу ҷилои нотакрор таҷассум ёфтааст. Ширинӣ ва лаззати ҳаёти инсон аз ишқ аст. Ишқ аст, ки инсонро ба сўи асли хеш мехонад ва ҳамаи нолаҳо аз оташи сўзони ишқ оғоз мегирад.

Шоир дар офаридаҳояш ба инсон арҷ мегузорад ва инсонро бузургтарин мўъҷизаи офариниш мешуморад. Гиромидошти инсон ва ба мақому манзалати аҳли башар эҳтиром гузоштан мағз андар мағзи ашъори шоирро фаро гирифтаанд.Тамоми назми ирфонӣ бо рамзу истиора асос ёфтааст. Калимаи най ва нолаи най, ки оғозбахши  «Маснавӣ» аст, рамзи инсони комил мебошад.

ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Шоири инсонпарвар инсонро ба гурўҳҳо ҷудо намекунад. Барои ў яҳудию ҳиндӣ, насронию мусулмонон як аст. Ваҳдату иттифоқ ва ҳамдилию ҳамбастагии онҳоро дар осори гуҳарбораш тарғиб намудааст. Зеро дар назди Офаридгор ҳама якхеланд.

Сурудаҳои Мавлавӣ аз назари нерўи тахайюл ва таъсирбахшоӣ ҷойгоҳи муаззамеро дар шеъри форсӣ касб намуда ва ў бо ҳунари волои шоирӣ ботину зоҳири афкорашро бо маъниҳои ошиқона пероста медорад. Суханвари бузург дар осораш панду андарзҳои фаровоне гуфтааст. Суханаш пурмаънӣ, равон ва фаҳмост, ки тобишҳои зиёди маъноиро бо худ дорад.
Хулоса, Мавлонои Румӣ бо афкори ахлоқию фалсафӣ ва ирфонии худ дар такомулёбии ғановати маънавии башарият нақши муассир ва носутурданӣ гузоштааст. Ашъори эҷодкардаи пири орифони ҷаҳон таҷассумгари набзи дирўзу имрўзу фардои мост. Зеро вазифа ва рисолати шеъри олӣ ҳам аз он иборат аст, ки дар парваришу тарбияи насли инсон хидмат намояд ва аҳли башарро ба сўи худшиносиву худогоҳӣ роҳнамо бошад.

Ба муносибати бузургдошти ин суханвари мумтоз ва орифи роҳи ишқ ҳамасола санаи 30-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар сатҳи ҷумҳуриамон қайд гардида, бо як шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Ба ҳамин мазмун санаи 30-юми сентябри соли равон дар Китобхонаи вилоятии оммави ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ало девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт» баргузор гардид.

Меҳмонони маҳфил узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил Муқим Воҳид, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуров Нуралӣ ва устоди факултеети тахрихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров Абдукаримов Ҷамолиддин  буданд. Ҳамчунин дар маҳфил кормандони китобхона ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва хонандагон иштирок доштанд.

ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Маҳфилро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент  Мирсаидов Баҳром оғоз намуда, меҳнонро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд ва ташрифи онҳоро ба ин маҳфили илмӣ-адабӣ хайрамақдам хонд.

Сипас устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуров Нуралӣ аз рӯи мавзӯи «Пешвои миллат ва шинохти ҷаҳони ботинии инсон дар афкори Мавлоно» дар ҳошияи китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ба аҳли нишаст маърӯза намуд. Дар маърӯзаи хеш номбурда доир ба бузургии сухани Мавлоно ва нақши ӯ дар адабиёти классикии тоҷик ибрози андеша намуд.

Бояд ёдовар гардид, ки барои боз ҳам рангину ҷаззобтар гардидани маҳфил намоишҳои слайдӣ ва китобиву матбутӣ манзури меҳмонон ва иштирокдорон гардонида шуд.

ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Аз тарафи методисти дараҷаи 1-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Ҳамробоева Мавзуна раҳнамои мавлавишиносӣ, ки бо унвони «Офтоби ирфон» ба табъ расидааст муаррифӣ карда шуд. Раҳнамои мазкур фарогири номгӯи осори Мавлоно бо забонҳои гуногун, таҳқиқотҳо ва мақолаҳои ба Мавлоно бахшидашуда мебошад, ки аз тарафи кормандони китобхона ташкил ва нашр гардидааст.

Сардори шӯъбаи толори кӯдакон ва наврасон  Собирова Дилрабо китобҳои бачагонаро, ки аз  силсилақиссаҳои «Маснавии Маънавӣ» чоп гардидаанд тавассути слайд  пешниҳоди иштирокдорон гардонид.

Китобдори дараҷаи 2- Китобхона Мамадхӯҷаева Дилбар  китобҳо ва осори Мавлоно, ки бо хати ниёгон мебошанд тавассути слайд ба саҳми ииштирокдорон пешниҳод намуд.

Дар интиҳои маҳфил директори Китобхона ҳамаро бори дигар ба Рӯзи Мавлоно  табрик намуда, барои ташриф ва баромадҳои хуб ба  меҳмонон сипосгузорӣ намуд.

Шуъби табъу нашри
Китобхонаи вилоятии 
оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ