Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

05.10.2022 // НАМОИШИ КАЛОНИ КИТОБИЮ МАТБУОТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОН

«Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд биомӯзанд. Пас бемулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо аз замони Рӯдакӣ оғоз гардида фарзандони барӯмандаш Фирдавсиву Сино, Хайёму Мавлоно, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедил, Айниву Туғрал, Турсунзодаву Лоиқ ва дигарон номдораш гардониданд меболем. Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост.

Бояд ёдовар гардид, ки бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21-уми феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид. Аз 22-юми июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ–забони тоҷикӣ эълон гардид. Аз 5-уми октябри соли 2009 бошад Қонун дар бораи забон қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян менамуд.

Ба муносибати гиромидошти Рӯзи забони тоҷикӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил мегардад дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, китобхона-филиалҳо, шуъбаҳои китобхона намоиши калони китобию матбуотӣ ташкил ва мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шуд. Дар намоиш осори таҳқиқотӣ ва мақолаҳои ба забони тоҷикӣ бахшидашуда, асарҳои бевоситаи Пешвои миллат «Забони миллат-ҳастии миллат» (қисмҳои 1ва 2), корҳои илмии олимону донишмандони соҳаи забоншиносӣ ва амсоли инҳо ба хонандагон манзур карда шуд.

Дар баробари ин дар толори хониши китобхона бо хонандагон маҳфил баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯён ва кормандони китобхона иштирок доштанд. Маҳфилро сардори шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Қодиров Ҷумъадилло ибтидо бахшид ва ҳамаро ба Рӯзи забон аз номи кормандони китобхона табрик намуд.

Сипас аз ҷониби сардори шуъбаи матбуоти даврӣ Ҳусейнова Муҳаббат ноигӯи чандин мақолаҳои ба забони тоҷикӣ бахшидашуда, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун нашр гардиданд ба хонандагон муаррифӣ гардид.

Аз ҷониби китобдори шуъбаи хизматрасонии китобхона Норматова Зуҳро китобҳо ва асарҳои ба забон бахшдашуда ба аҳли маҳфил муаррифӣ карда шуд.

Кормандони китобхона-филиалҳо ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, бахшида ба Рӯзи забон намоишҳои китобӣ ва сӯҳбатҳо ташкил намуданд.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи  вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ