Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

10.10.2022 // Намоиши китобию матбуотӣ бахшиба ба Рӯзи Фалак

Яке аз паҳлӯҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушду нумуъ ва пешбурди фарҳанги халқӣ буда, барои рушду инкишофи санъати миллӣ, аз ҷумла «Шашмақом» ва «Фалак» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳӣ хоса зоҳир менамояд.

Дар сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннату фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он самти афзалиятнок мебошад.

Жанри мусиқии Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар имрӯз хусусиятҳои тоза касб намудааст. Мо ба он ҳамчун ба жанр назар андӯхта, аз рӯи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти умрро дарк менамоем.

Ба муносибати Рӯзи Фалак санаи 10-уми октябри соли равон бо ибтикори садорат ва кормандони шуъбаи санъат ва матбуоти даврӣ намоиши китобию матбуотӣ ташкил ва ба маърази истифодаи хонандагон қарор дода шуд. Дар намоиш китобҳо ва мақолаҳои ба ин жанри мусиқӣ бахшидашуда ба хонандагон пешниҳод гардид, ки хонандагон аз он истифода намуданд.


Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи
вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ