Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

16.10.2022 // Кино–инъикосгари ҳаёти воқеӣ

Кино санъати ҷавонтарин ба ҳисоб рафта, тирамоҳи соли 1969 дар Тоҷикистон 40-солагии бунёди он истиқбол гирифта шуд. Аз соли 1929 то соли 1969 дар китоби махсусе, ки ба бунёди тоҷикфилм бахшида шудааст, маводҳои дар бораи аввалин филмҳои ҳуҷҷатӣ-бадеӣ сухан меравад. Шиносоии мардуми тоҷик бо санъати кино ҳанўз пеш аз инқилоби октябр оғоз ёфта буд. Дар шаҳрҳои Осиёи Миёна, Самарқанду Бухоро, Тошканд аз ҷумла дар Хуҷанд аввалин филмҳои хориҷӣ намоиш дода шудааст.

Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро карда истодааст. Вай ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар мебошад ва миллатро ба худи ў ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ҳамин ҳадафҳо имрўз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор дорад.  

Кинои тоҷик симои реалии ҳаёти мардуми Тоҷикистонро инъикос мекунад ва тамоми дигаргуниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ва тамоми миллатҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунад, тасвири худро дар кино мебинанд.

Кино дар инъикоси ҳаёти реалӣ дар баробари театр, адабиёт, мусиқӣ ва дигар намудҳои санъат ба вуҷуд овардани дигаргуниҳо дар ҳаёти маънавӣ меистад, вале нисбат ба дигар намудҳои санъат, санъати кино, барои ҷомеъа бештар мақбул аст.

Санаи 16-уми октябр дар саросари кишварамон ҳамасола Рўзи кинои тоҷик қайд мегардад. Ба ин муносибат кормандони шуъбаи китобҳои санъат ва варзиши Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар ин сана намоиши китобию матбуотӣ таҳти унвони «Кино–инъикосгари ҳаёти воқеӣ» ташкил карданд, ки хонандагон аз он истифода намуданд.

 Шуъбаи табъу нашри
Китобхонаи вилоятии оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ