Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

10.11.2022 // МИЛИТСИЯ - ҲОМИИ ҶОМЕА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ӯҳдаи вазифаҳои дарпешистода сарбаландона баромада, вазъи муътадили сиёсию ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандонро дар кишварамон таъмин менамоянд». Дар ҳақиқат кормандони ҳифзи ҳуқуқи мақомоти корҳои дохилӣ вазифаи худро имрӯзҳо сарбаландона иҷро намуда истодаанд. Дар замони имрӯза, ки амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонро хатарҳои ташкилотҳои гуногуни манфиатхоҳ, аз қабили ифротгароӣ, паҳн намудани маводҳои нашъаовар, дуздиву ғоратгарӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ таҳдид намуда истодааст таъмини сулҳу субот ва оромӣ ба зимаи мақомоти корҳои дохилӣ аст. Сарбаландона иҷро намудани вазифаи худ шарафи бузургест баҳри кормандони мақомот.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар ватани азизамон Тоҷикистон санаи 10-уми ноябр ҳамҷун Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат бо ибтикори садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар шуъбаҳои толори хониш, матбуоти даврӣ, шуъбаи хизматрасонӣ намоиши китобию матбуотӣ ташкил ва ба истифодаи хонандагон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои китобхона пешниҳод карда шуд.


Шуъбаи табъу нашри
Китобхонаи вилоятии оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ