Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

16.11.2022 // ИҶЛОСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Иҷлосия ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як давраи ҳассоси таърихӣ рӯи кор омад ва ташкил гардид баҳри миллатии тоҷик як саҳифаи наверо боз кард. Самараи ҳамин Иҷлосия буд, ки миллати тоҷик дуюмбора муттаҳид гардид. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон  бари таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

 Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард. Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши кулиеро ба вуҷуд овард. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дуррахшон бовар кунонид. Воқеан, донаи умед ба таровату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.

Ҳамасола Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутанад сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумӯи давлати мо  аз файзу баракати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Пас вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. 

Ба муносибати Рӯзи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори садорат ва кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоиши калони китобию матбуотӣ ташкил ва ба истифодаи хонандагон пешниҳод гардид.  Дар намоиш китобу рӯзномаҳо, ки доир ба ин санаи фархунда нашр гардидаанд ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагон пешниҳод гардид.

Дар охир аз номи садорат ва кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро ба муносибати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуда, таманнои  онро дорам, ки ҳамеша парчами ватанамон парафшон ва кабутари сулҳ дар осмонаш парфишон бошад.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи

вилоятии оммавии  ба номи Тошхоҷа Асирӣ