Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

25.11.2022 // ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «КИТОБДОРИ СОЛ-2022»

Даҳсолаҳо инҷониб дар миқёси вилояти Суғд бо ибтикори Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  озмуни вилоятии «Китобдори сол» дар байни китобдорони вилоят  баргузор мегардад. Ташкили чунин озмунҳо аз пайравӣ намудан ба сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  далолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ҳамеша  дар татбиқи ҳадафҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат кӯшиш менамояд ва баҳри баланд бардоштани соҳаи китобдорӣ саҳми калон мегузорад.

 Соли равон низ озмуни мазкур бо мақсади пешбурди соҳаи китобдорию китобшиносӣ, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳа, беҳбудӣ бахшидан ба сифату самаранокии хизматрасонии китобию иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 31-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 30- солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даври шаҳрии он ташкил ва ҷамъбаст гардид. 

Санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ даври ниҳоии озмуни «Китобдори сол-2022» ташкил ва гузаронида шуд. Бояд ёдовар гардид, ки даври аввали он дар китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, ба даври ниҳоӣ 13 нафар роҳхат гирифта буданд.

Барои гузаронидани озмуни зикргардида аз тарафи садорати Қитобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳайати ҳакамони зерин  интихоб гардиданд.

  1.  Мирсаидов Баҳром- директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ.
  2. Ҳакимова Мунира– муовини директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оид ба корҳои хизматрасонӣ.
  3. Нурматова Умедаҷон- муовини директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оид ба корҳои илмӣ- методӣ.
  4. Қаландаров Абдуазиз- сардори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ.
  5. Муҳаммадиева Мунира- директори Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан.

Ҳадафи асосии озмун санҷиши саводи китобдорон, вусъати андеша, қобилити илмию ҷустуҷӯӣ  ва маҳорати касбию тахассусии онҳо маҳсуб ёфта аз рӯи шартҳои зерин гузаронида шуд.

  1. Муаррифии фаъолияти китобдор (фаъолияти шахсӣ, омори нишондиҳандаҳои асосии китобхона, махзан, корҳои эҷодӣ, навоварӣ, ҳамкории китобдору китобхона бо дигар муассисаҳо, ширкат дар семинару конфронсҳо ва дигар паҳлӯҳои кории китобдор).
  2. Посух гуфтан ба саволҳои тахассусӣ ва сиёсие, ки дар монитор нишон дода мешавад.
  3. Роҳу усули нави хизматрасонӣ ба хонандагон дар китобхона (бо пешниҳоди дастурҳои методӣ, библиографӣ, презентатсия ва роликҳо)
  4. Рӯнамоии як самти фаъолияти китобдорӣ
  5. Санҷиши тестӣ(саволномаҳои соҳавӣ)

Ба баромади иштирокчиён ҳайати ҳакамони озмун аз 6 то 10 хол баҳогузорӣ ва ҷамъбаст намуданд, ки дар натиҷа ҷойи сеюм насиби китобдори китобхона-филиали №5-и шаҳри Истаравшан Муҳаррамова Рафоат, ҷойи дуюм насиби китобдори Китобхонаи марказии шаҳри Бӯстон Расулзода Суханоро ва ҷойи аввал насиби методисти дараҷаи 2-и шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ гардид. Дар соли 2022 шоҳҷоизаи озмуни мазкур насиби китобдори китобхона-филиали №15-и ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳусейнова Марҳабо гардид. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Инчунин ба дигар иштирокчиёни фаъоли озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи тибъу нашри Китобхонаи вилоятии 
оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ