Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

29.11.2022 // ҶАҲОНИ СЕҲРАНГЕЗИ НАВИСАНДА

Нависандаи англис Ҷонатан Свифт 30 ноябри соли 1667 дар Дублин дар оилаи англис ба дунё омадааст. Падари Свифт то таввалуди писараш аз олам чашм мепӯшад ва Свифтро амакаш Годвин Свифт ба воя мерасонад.

Нависанда аввал мактаби Каунтиро хатм намуда, баъд соли 1682 дар коллеҷи Тиринити дар шаҳри Дублин таҳсил карда, онҷоро соли 1686 хатм кардааст. Ҷонатан Свифт бо маслиҳати модараш ба Англия рафта бо шарофати истеъдоди худ яке аз пурқувваттарин одамони шаҳр мегардад.

Фаъолияти эҷодии Ҷонатан Свифт аз памфлетҳои «Муборизаи китобҳо» соли 1697 ва «Афсонаи бочка» соли 1704 оғоз меёбад, ки дар онҳо таасуби динӣ ва таназзул танқид шудааст.

Ҷонатан Свифт бо асарҳои зиёди худ аз ҷумла «Дастурҳо ба хизматгорон», «Рӯзномаи Стелла», «Ҳаёти Лондон», «Афсона дар бораи чалак», «Мактубҳои моҳутбоф», «Таклифи ҷиддӣ», дар байни хонандагони дунё машҳур гаштааст.

Яке аз машҳуртарин   шоҳасари ӯ «Саёҳати Гулливер» ба соли 1726 рост меояд, ки ин китоб аз 4 қисм иборат аст;

дар қисми аввал саёҳат дар давлати лилипутҳо;

дар қисми дуюм саёҳат дар давлати Велеканҳо;

дар қисми савум саёҳат  дар Лапуту;

дар кисми чорум бошад саёҳат дар давлати ГУИГНГНМОВ

Дар ин китоб саргузашти аҷоибу ғароиби духтур Гулливер, ки аз хурди сафари дарё ва мамлакатҳои дурдастро дӯст медошт, дар байни лилипутҳо ва великанҳо хеле шавқовар тасвир ёфтааст.

Гулливер қаҳрамони афсонавӣ буда, наврасонро ба инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ҷаҳондонию ватанпарварӣ ҳидоят менамояд.

Ҷонатан Свифт 19 октябри соли 1745 дар Дублин аз олам чашм пӯшид.

Ба муносибати  350-солагии нависанда, мутафаккир ва файласуф Ҷонатан Свифт дар  асоси нақша- чорабиниҳои шуъбаи китобҳои хориҷии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, санаи 29-уми ноябри соли 2022 чорабинии илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинӣ дар асоси ҳамкории хонандагони Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳраки  Ғончии ноҳияи Деваштич бо Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ташкил гардид. Меҳмонони чорабинӣ директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром,  директори МТМУ №53-и шаҳраки  Ғончии ноҳияи Деваштич Қутбидинова Ганҷина, муаллимаи забони англисии ҳамин мактаб  Абдуазизова Моҳира, ҷонишини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ дар китобхона Ҳакимова Мунира ва ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ- методӣ дар китобхона Нурматова Умеда буданд.

Чорабиниро сардори шуъбаи бачагона Собирова Дилрабо оғоз намуда,, хонандагон, меҳмонон ва иштирокдоронро ба китобхона  хайрамақдам хонд.

Дар ибтидои чорабинӣ китобдори шуъбаи китобҳои хориҷии китобхона Исоева Мӯътабархон дар атрофи рӯзгор ва осори нависанда ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод. Зимни баромади худ ӯ осори нависандаро ба хонандагон равшану мушаххас фаҳмонид.

Сипас хонандагони муассисаи таҳсилоти миёни умумии №53-и шаҳраки  Ғончии ноҳияи Деваштич бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ баромад намуда, сурудҳо, шеърҳо ва саҳнаи тарбиявиро манзури иштирокдорон намуданд. 

Дар охир хонандагон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ аз тарафи садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи

вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ