Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

21.12.2022 // ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2022» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Рушду нумӯи соҳаи фарҳанг аз ҷумла соҳаи китобдорӣ ҳамеша дар мадди назари аввалиндараҷаи ҳукумати мамлакат ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.  Аз ин рў, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди китобдорӣ ва вусъати фаъолияти китобхонаҳо аҳамияти хос зоҳир намуда, барои ҷалби табақаҳои гуногуни ҷомеа ба китоб ва манбаи аслии ҳикмату хирад мунтазам таъкид менамоянд.

Аз ин  ҷост, ки соли равон аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни китобхонаҳои шахсӣ ва давлатӣ озмуни «Чароғи ҳидоят» ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин озмун беҳтарин китобхонаҳо сазовори ҷойҳои намоён гардида қадрдонӣ гардиданд.

Ба ҳамин муносибат соли панҷум аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Суғд, муҳтарам  Раҷаббой Аҳмадзода дар байни китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд» гузаронида мешавад ва ғолибон бо маблағҳои пулӣ сарфароз мегарданд.

 Вобаста ба ин, дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 1 апрели соли 2022 озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2022» ба тасвиб расида буд. Озмуни мазкур ба беҳбудиву пешравии фаъолияти китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят ва ҳаракати китобхонии мардум равона гардида, боиси таваҷҷўҳи китобдорон дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва мавриди эътибори ҷомеа қарор гирифтани фаъолияти китобхонаҳо ва мақоми китобдорон гардид.

Санаи 21 декабри соли 2022 дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2022» баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ иброз дошт, ки соҳаи китобдорию китобшиносӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа буда, бидуни китоб зиндагии маънавии инсонҳоро тасаввур намудан имконнопазир аст. Таърихи башарият, пешинаву имрўзи илму маърифат ҳамеша бо китобу сарчашмаҳои дониш пайванди устувор дорад.

Боварии комил дорам, ки аҳли илму фарҳанг, устодону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо босамар истифода бурда, сатҳу сифати хизматрасониро дар боргоҳҳои донишу хирад ба роҳ мемонанд ва дараҷаи таълиму тарбияи насли наврасро дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам баландтар бардошта, пешравии соҳаро дар ҳамаи самтҳо таъмин менамоянд, -иброз дошт роҳбари вилоят.

Сипас, барандагони озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2022» эълон гардид. Ба масъулини китобхона-филиали №16-и деҳаи Сепулаи шаҳри Истаравшан, китобхона-филиали №17-и деҳаи Фотеҳободи шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳ ва китобхонаи марказии шаҳри Истиқлол ҳамчун иштирокчии фаъоли озмун сипоснома ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 1000 сомонӣ супорида шуд.

Китобхона-филиали №13-и деҳаи Офтобрўйи деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6000 сомонӣ, китобхона-филиали №11-и деҳаи Ҳаштяки деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва китобхона-филиали №6-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадршиносӣ карда шуд.

Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2022», ки аз диплом ва 12 000 сомонӣ  иборат мебошад насиби Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ гардид.

Бояд ёдовар гардид, ки барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонӣ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо ибтикори садорати  массиса, барои шуъбаҳо аз маблағи дар озмун бадастомада  14 адад асбобҳои гармидиҳандаи равғанӣ харидорӣ ва ба шуъбаҳои китобхона тақсим карда шуд, ки барои гузаронидани фасли зимистон хеле муфид аст.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи
вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ