Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

09.03.2023 // "Нерӯи бузургу созандаи матбуот"

Таърихи матбуоти тоҷик нахуст аз рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф», ки рӯзи 11 марти соли 1912 дар шаҳраки Котон, бо ибтикори равшанфикрони тоҷик нашр гардид ва ба дасти хонанда расид, оғоз мегардад.  

Матбуот дар ҳама  давру замон инъикосгари ҳаёти ҷомеа ва раванди воқеаву рӯйдодҳои зиндагист. Воситаҳои ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири амиқ расонида, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.  

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ботантана ҷашн гирифта мешавад. Воқеан ҳам, он қувваи пешбарандаи ҷомеа   буда, оммаро бо тозатарин навгониҳои ҷумҳуриву олам шинос гардонда, дар самти меҳнатдӯстӣ, завқи бадеиву зебоифаҳмии мардум нақши созгор мегузорад.

Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик санаи  9-уми марти соли равон дар шуъбаи матбуоти даврӣ силсила намоиши кушоди матбуотӣ таҳти унвони «Нерӯи бузургу созандаи матбуот» ташкил карда шуд, ки хонандагон аз он истифода намуданд.

Китобдори шуъба Ҳоҷибоева Хайринисо зимни намоиш аз мазмуну мундариҷаи маҷаллаҳои тозавориди «Илм ва ҳаёт», «Масъалаҳои маориф», «Паёми Суғд», «Садои Шарқ», «Тоҷикстон», «Бонувони Тоҷикистон» ва дигар рӯзномаҳо ба донишҷӯён иттилоъ дод.

Шуъбаи табъу нашри китобхона