Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

04.04.2023 // Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхона-филиали №2 таҳти унвони «Китоб-омӯзгори рӯзгор аст»

Аз соли 2006 инҷониб ҳамасола аз 2 то 9 апрел таҳти унвони фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг — ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва технологияи муосир ба шумор меравад.

Тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи намунаҳои беҳтарини адабиёти бачагонаи тоҷик ва ҷаҳон, ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, мусоидат кардан ба раванди ташаккули фарҳанги иттилоотӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои наву замонавии хадамоти китобдорӣ дар фаъолияти китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои мухталифи тахассусӣ бо иштироки толибилмону роҳбарони хониши онҳо, муаррифии китобу нашрияҳои даврии бачагона ва тарғиби таҷрибаи муфиди фаъолияти китобдорӣ - мақсад ва вазифаҳои асосии фестивал мебошанд.

Кӯдакон ва наврасон ояндаи миллат ва идомадиҳандаи кору пайкори неки шахсони накӯкору номдор, саховатманду ҳунарпеша ва амсоли онҳо мебошанд. Пас имрӯз моро месазад ба таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ дода ба роҳи дурустиву ростӣ ва донишу илм онҳоро раҳнамоӣ намоем.

Дар доираи чорабиниҳои ба ин муносибат пешбини гардидаи китобдорони китобхона-филиали №2 ва №3  санаи 4-уми апрел дар МТМУ №14-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорону хонандагони синфи 1 «Б» маҳфили афсонахонӣ таҳти унвони «Китоб-омӯзгори рӯзгор аст» баргузор гардид.

Дар маҳфил китобдори китобхона-филиали №2 Машҳурахон Абдуллоева аз таърихи фестивал маълумот дода, сипас аз китоби Дадоҷон Раҷабӣ бо номи «Лӯъбат ва ҳифз» афсонаи тарбиявии «Хурсандии пиразан» ва китобдори китобхона-филиали №3 Шаҳодатхон Ҷӯраева аз китоби Салими Зарафшонфар повести хурди «Ду овора»-ро нақл намуданд, ки хеле писанди хонандагон шуд. Ҳамчунин дар фарҷоми маҳфил бо хонандагон саволу ҷавоб аз рӯи нақлҳо гузарониданд. Дар баробари ин хонандагон дар васфи Тоҷикистон, омӯзгор ва китоб гуфтору шеърҳо қироат намуданд.

Дар фарҷом омӯзгори синфи 1 «Б» Набиева Шаҳлохон ва китобдори МТМУ №14 Мухбира Алиева ба китобдорони китобхона-филиал изҳори миннатдорӣ намуданд.

  Мақсад аз гузаронидани ин маҳфил ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.