Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

31.05.2023 // Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон

«Мо аз рӯзҳои аввал давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон ва ояндаи мардумамон низ идома медиҳем».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Ҳар сол рўзи 1-уми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост.
Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Бо назардошти ин муносибат дар саросари дунё рӯзи 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Ба ҳамин муносибат бо ибтикори садорат ва шуъбаҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, санаи 31-уми майи соли 2023 дар долони ошёнаи якуми китобхона маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони « Як хандаи кўдаки ҷаҳони шодӣ»  баргузор гардид. Меҳмонони маҳфил нависанда Саиднабӣ Наҷимӣ, адиби кўдакон Камоли Рўмонӣ ва нависанда Муқим Воҳид буданд.  Ҳамчунин, гуруҳи доиранавозон аз мактаби санъати бачагонаи №4 ба номи Шарофиддин Сайфиддинов, ҳунармандони театри ҷавонон ба номи Одилҷон Назаров ва хонандагону кормандони китобхона иштирок намуданд.

Маҳфилро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Баҳром Мирсаидов оғоз намуда, ташрифи меҳмонон ва иштирокдоронро ба китобхона хайрамақдам гуфт.

Сипас, нависанда Саиднабӣ Наҷимӣ ҳамаи иштирокдорон ва кӯдакону наврасонро табрик намуданд.

Бояд ёдовар гардид, ки чорабиниро дар даромадгоҳи китобхона  гурӯҳи карнайнавозони мактаби санъати баҷагонаи №4–и шаҳри Хуҷанд бо навозиши худ шукӯҳи дигар зам намуданд. Инчунин, намоиши китобиву матбуотӣ аз тарафи шуъбаи кўдакон ва наврасон ташкил карда шуд, ки дар он китобҳои кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифт.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил суруди “Тоҷикистон” дар иҷрои хонандаи мактаби санъати бачагонаи №1 ба номи Лоиқ Шералӣ Сиддиқов Амриддин,  қироати шеърҳо, саҳнача - порча аз намоиши “Дўсти ҳақиқӣ” дар иҷрои ҳунармандони театри ҷавонон ба номи Одилҷон Назаров ва бозиҳои “Викторина” ва “Арғамчинкашӣ” манзури иштирокчиён ва меҳмонон гардонида шуд.

Дар охири маҳфил ба зиёда аз 100 нафар кӯдаку наврас туҳфаҳои хотирмон ҳадя карда шуд.

Маҳфил басо хотирмон ва фараҳбахш буд ва мо орзуи онро дорем, ки бигзор ҳамаи кўдакони тоҷик на танҳо дар ин ид, балки доимо дар зери осмони софу беғубори Ватан, бо хандаву хушҳолиҳо ба воя расида шукргузори сулҳу амони замон гарданд.

Дар интиҳои маҳфил директори Китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ миннатдории худро ба сарпарастон, иштирокчиён ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ расонид.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона