Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

11.01.2024 // Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти китобхона

Санаи 11-уми январи соли 2024 дар толори китобхона маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024 баргузор гардид.

Дар маҷлис директори китобхона Баҳром Мирсаидов, ҷонишини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Мунира Ҳакимова, ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Умедахон Нурматова, ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагӣ Баширхон Атаев, сармуҳосиби китобхона Санавбар Қудратова, сардори шуъбаи кадрҳои китобхона Замира Ҳомидова, сардори иттифоқи касабаи кормандони китобхона Зуҳрохон Файзуллоева, котиби ташкилоти ибтидоии «Китобдор»-и ҲХДТ дар китобхона Собирова Дилрабо ва дигар кормандони китобхона иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои зерин иборат буд:

  • Ҳисоботи муовинони директори китобхона.
  • Ҳисоботи сардорони шуъбаҳо ва китобхона-филиалҳо аз натиҷаи соли 2023.
  • Маърӯзаи директори китобхона ва вазифагузориҳо барои соли 2024.
  • Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар ибтидо маҷлисро директори Китобхона Баҳром Мирсаидов оғоз намуда, нуктаҳои ба соҳаи фарҳанг ва китобдорӣ бахшидашудаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли иштирокдорони маҷлис хотиррасон кард. Ҳамчунин дар бораи фаъолият ва дастоварҳои китобхона ибрози ақида намуд.

Сипас сардорони шуъбаҳо ва китобхона-филиалҳо аз натиҷаи соли фаъолияти кории худ дар соли 2023 ҳисобот дода, нақшаҳои худро барои соли 2024 пешниҳод намуданд.

Дар баробари шунидани ҳисоботи сардорони шуъбаҳо ба онҳо супоришҳо дода шуд. Ба кормандони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ супориш дода шуд, ки солномаҳои матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз соли нашр то имрӯз дар шуъба пурра намоянд ва қисматҳои набударо барои дастрас намудан рӯйхат намуда, дархост пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин ба шуъбаҳои китобхона ва китобхона-филиалҳо пешниҳод карда шуд, ки рӯйхати довталабони озмунҳои ҷумҳуриявиро ташкил дода онҳоро ба қайд гиранд.

Илова намуданд, ки барои ҷалби бештари хонанда ва зиёд намудани истифодабарандагон кормандони китобхонаро месазад бештар берун аз китобхона чорабиниҳои гуногуни илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ташкил намуда, хонандагонро ба китобхона даъват намоянд.

Ба кормандони шуъбаи илмӣ-таълими пешниҳод карда шуд, нусхаи ҳатмии рисолаҳои илмиро аз шуроҳои ҳимояи донишгоҳҳои вилоят дастрас намоянд ва махзани рисолаҳоро дар шуъба зиёд гардонанд.

Роҳбарияти китобхона ба фаъолияти босамари муқовабанди шуъбаи табъу нашр Шарипова Мавлуда баҳои баланд дода, аз корҳои анҷомдодаи ӯ ёдоварӣ намуданд.

Ба сардори шуъбаи китобҳои хориҷӣ Ҳоҷибоева Санъатхон пешниҳод карда шуд, ки баҳри ҷалби бештари хонанда дар шуъба маҳфили доимоамалкунанда ташкил ва ба таври доимӣ гузаронанд.

Дар баробари ин ба масъулони китобхона – филиалҳо пешниҳод карда шуд, ки ба таври доимӣ аз фаъолияти китобхона-филиалҳои ба онҳо вогузорбуда дидан намуда, барои баланд бардоштани фаъолияти онҳо маслиҳатҳои муфидро пешниҳод намоянд.

Сармуҳосиби китобхона Қудратова Санавбар баромад намуда, доир ба маблағҳои дар соли 2023 бар зимма дошта ва истифодаву бозмонди онҳо ба иштирокдорони маҷлис ҳисоботи худро пешниҳод намуд.

Сипас раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони китобхона Файзуллоева Зуҳрохон ҳисоботи худро доир ба натиҷаи фаъолияти кории худ дар соли 2023  ба иштирокдорон ироа намуд ва нақшаҳои худро барои соли 2024 ба ҳозирин пешниҳод намуд. Зимни суҳбат қайд намуд, ки дар соли 2023 аз байни кормандони китобхона ба 6 нафар барои барқарорнамоии саломатии худ ба осоишгоҳ аз тарафи иттифоқи касаба роҳхат дода шуд ва дар соли 2024 низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.

Масъули ТИҲХДТ дар китобхона Собирова Дилрабо доир ба натиҷаи фаъолияти кории ташкилот дар соли 2023 баромад намуда, иброз дошт, ки шумораи аъзоёни ҲХДТ дар китобхона зиёда аз 65 нафарро ташкил медиҳад. Дар баробари ин аз кормандони нав ба кор қабулгардида ва дигар нафарон пешниҳод намуд, ки аъзои ин ҳизби созанда шаванд.

Ҳамчунин нозири ҳифзи меҳнат Ҷабборова Мавзуна баромад намуда, дар бораи фаъолияти худ дар соли 2023 ба ҳозирин маърӯза намуд.

Дар интиҳои маҷлис пешниҳоду дархост ва фикри иштирокдорони маҷлис ба инобат гирифта шуда, ҳайати ҷаласа барои соли 2024 вазифагузориҳои мушаххасро ба миён гузошт. Тибқи нақша дар соли 2024 бояд дар китобхона озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ боз ҳам дар шакли васеътар ташкил ва гузаронида шавад, кормандон вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо кӯдакистонҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, коллеҷҳо, донишкадаю донишгоҳҳо баргузор намудани озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Беҳтарин хонандаи китобхона», «Биёед, китоб мехонем», инчунин озмунҳои «Рӯдакихонӣ», «Шоҳномахонӣ», «Саъдихонӣ», «Мавлавихонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Камолхонӣ», «Бедилхонӣ», «Айнихонӣ», «Лоҳутихонӣ», «Турсунзодахонӣ», «Лоиқхонӣ», «Фарзонахонӣ», «Афсонахонӣ» ва дигар навъи озмуну хонишҳо ба таври ҳатмӣ доир намоянд. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандон дар ҳамкорӣ бо макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, коллеҷҳо, донишкадаю донишгоҳҳо бо маблағгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, дастгирии шахсони саховатпешаю соҳибкорон ҳафтаҳои омӯзиши забони русӣ, англисӣ дар китобхонаҳо доир гардад.

Кормандони шуъбаҳо ва китобхона-филиалҳо вазифадор гардиданд, ки ба муносибати иду ҷашнҳои миллию таърихӣ, чун Сада, Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи Ваҳдат, Рӯзи Дониш, Рӯзи Китоб, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Модарон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар санаҳо ҳафтаҳои дарҳои кушод ташкил кунанд ва хазинаи бою рангини китобхонаро муаррифӣ намоянд .

Барои боз ҳам бештар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва афзун намудани сафи хонандагон ва муроҷиаткунандагон кормандон вазифадор гардиданд, ки тарзу усули нави хизматрасонии китобию иттилоотӣ, истифодаи таҷрибаҳои пешқадам ва навовариҳои касбиро ба роҳ монанд ва ҳамарӯза тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радиою телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, сомонаи китобхона, шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият ва имкониятҳои китобхонаро таблиғ созанд.

Дар баробари ин дигар масъалаҳо низ вазифагузорӣ карда шуд.

 

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос