Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

30.01.2024 // Сада пайғомбахши нуру гармист

«Эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмоварӣ Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, 
муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон

 


 Мардуми ориёӣ аз ҷумла, тоҷикон  дорои фарҳанги баланди моддиву маънавӣ буда,  ҷашну маросимҳои фаровони таърихӣ доранд, ки ҳар кадоме дорои анъана ва урфу одатҳои ба худ хос мебошанд. Дар баробари ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон, Баҳманҷана, Шаби Ялдо   ҷашни Сада низ яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёӣ ба шумор меравад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ин ҷашнҳои қадимаи мардуми мо, ки нишондиҳандаи фарҳанги бою таърихи хеле қадимаи мо мебошанд имрӯзҳо дар замони истиқлол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон боз эҳё мешаванду шукуҳу шаҳомати зиёдтар ба худ касб менамоянд.

Ба муносибати таҷлили ҷашни Сада бо ибтикори садорат ва кормандони шуъбаву китобхона-филиалҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ чорабинии бошукуҳ ташкил гардид, ки дар он донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Меҳмони чорабинӣ мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» Ҳусейнов Фаррух Раҳимович буд, ки дар бораи таърихи пайдоиш ва таҷлили ин ҷашни қадимӣ ба иштирокдорон маърӯза намуд.

Ҳамчунин иштирокдорони чорабинӣ аз маърӯзаи Файзуллоева Зуҳрохон, ки ба эҳёи ҷашни Сада дар замони истиқлол бахшида шуда буд шунидан намуданд.

Дар чорабинӣ хонандагони синфи 6- уми МТМУ № 22-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, дар бораи ҷашни Сада порчаҳои шеърӣ қироат карданд. Дар баробари ин аз ҷониби кормандони китобхона низ порчаҳои шеърӣ қироат карда шуд.

Чун перомони пайдоиши ҷашни Сада бисёр ривоятҳо маълум аст аз рӯи яке аз ривоятҳо кормандони китобхона саҳнаеро манзури иштирокчиён намуданд.

Сипас мудири шуъбаи теъникӣ ва кишоварзӣ Дадобоева Зайнура 10 китоберо, ки ба ҷашни Сада бахшида шуда буд ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Барои боз ҳам дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Сада аз ҷониби кормандони шуъбаи электронӣ навори слайдӣ омода ва манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.

Инчунин намоиши калони китобию матбуотӣ вобаста ба ҷашни Сада дар шуъбаҳои толори хониш, хизматрасонӣ, матбуоти даврӣ техникӣ ва кишоварзӣ  ва китобхона-филиалҳо ташкилу  мавриди баҳрабардории хонандагон қарор гирифт.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос