Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

09.02.2024 // ДАНДОНҲОИ СОЛИМ ОМИЛИ ЗИНДАГИИ ЛАЗИЗ

Ҳамасола 9-уми феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон (стоматологҳо) ҷашн гирифта мешавад.

Дандонҳои ҷилодор зебоии сурат ва латофати ҳуснро фузунӣ мебахшанд. Агар касе соҳиби дандони солим бошад мегӯянд, ки ниме аз хушбахтиро дарёфт кардааст, зеро аз як сӯ метавонад ба ҳусни худ зебоӣ бахшад ва аз сӯи дигар, саломатӣ ва дурахши ҷавониашро ҷилва диҳад.

Дандон яке аз узвҳои асосии инсон буда, нигоҳубини он дар ҷойи аввал меистад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар баробари дигар узвҳо дандонҳо низ бемор мешаванд. Барои ба ҳар гуна бемориҳои дандон гирифтор нашудан ҳар як шахсро мебояд, ки саривақт ба дандонпизишк (стоматолог) муроҷиат кунад.

Дар кишвари мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола 18-уми август Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Аммо ба ин нигоҳ накарда 9-уми феврал дар Рӯзи байналмилалии дандонпизишк (стоматолог) низ таҷлил мегардад.  

Санаи 9-уми феврал бахшида ба ҷашни байналмиллалии Рӯзи дандонпизишкон (стоматологҳо) таҳти унвони «Дандонҳои солим омили зиндагии лазиз»  дар шуъбаи тиббии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз тарафи кормандони шуъба  намоиши китобӣ ва суҳбат   бо донишҷӯёни факултаи психологияи таҳсилоти томактабии МДТ «Донишгоҳи Давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», ки бо роҳбарии   омӯзгор Ҳоҷибоева Раънохон ба китобхона ташриш оварда буданд гузаронида шуд. Зимни суҳбат донишҷӯён аз намоиши китобӣ истифода намуданд.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
 ва такмили ихтисос