Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

26.02.2024 // ОЛИМ АДИБ СИЁСАТМАДОР

Карим Абдулов 26-уми феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Кӯҳистони Масчоҳ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил кардааст. Соли 1970 ба кори ҳизбӣ сафарбар шудааст. Солҳои 1988-1990 дотсент, докторант ва профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1991-1992 мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурӣ, мушовири раиси Ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти «Дониш» буд.

Рисолаҳои ӯ «Роҳи беҳбуд», «Дар ин дунё» (иборат аз 12 ҷилд), «Сиёсатномаи асри 21», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоиқи миллат», «Дарёниҳод», «Асъори миллӣ» ва ғайра аз он ҷумлаанд. Номбурда ҳамчунин  дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дунявӣ рисолаи «Ҳаҷнома»-ро таълиф намудааст.

Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» ва се медал, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Бобоҷон Ғафуров, Аловуддин Баҳовуддинов ва Абулқосим Лоҳутӣ, узви вобастаи Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд» мебошад.

Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Аз ин лиҳоз, ба муносибати 85-солагии доктори илмҳои таърих, корманди ҳизбӣ ва давлатӣ Абдулов Карим санаи 26-уми феврал дар шуъбаи толори хониш аз тарафи китобдори шуъба Усмонова Сурайё намоиши китобӣ зери сарлавҳаи «Олим, адиб, сиёсатмадор» омода карда шуд. Дар намоиш зиёда аз 18 нусха китобҳои ин олими барҷаста мавриди истифодаи хонандагон ва истифодабарандагони хизатрасонии шуъба  қарор гирифт.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос