Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

05.03.2024 // ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ АСОСИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Бо ибтикори садорат ва шуъбаи толори хониш санаи 5-уми марти соли ҷорӣ маҳфили рӯнамоии китобҳои тозанашр оид ба фанҳои дақиқ ташкил гардид, ки дар он донишҷӯёни  факултети биология ва химияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» иштирок намуданд.

Маҳфилро  сардори шуъбаи ташкилу назорати фаъолияти китобдорӣ ва такмили ихтисос Қодиров Ҷумъадилло ҳусни оғоз бахшида, оиди эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба иштирокорон маълумоти муфассал дод.

Сипас корманди  шуъбаи толори хониш Бобоҷонова Гулбаҳор ва  корманди шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зӯҳрохон зиёда аз 30 китоби тошзанашри илмҳои дақиқро ба донишҷӯён муаррифӣ намуданд.

Дар интиҳо устоди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Мирзозода Ноил суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони маҳфил ва садорати китобхона изҳори миннатдорӣ  кард.

Донишҷӯён ва истифодабарандагони хизматрасониҳои китобхона аз намоиши ташкилгардида истифода намуданд.

 

Шуъбаи ташкилуназорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили истисос