Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

07.03.2024 // МОДАР ФАРИШТАТАР ЗИ ТАМОМИ ФАРИШТАҲОСТ

Модар беҳтарин ва азизтарин ҳастии ҳаёти ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Аз ҳастии пайкари бузургаш  ба дили кас қуввату мадор, меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Модар ситораи бузург ва дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад.

Ба муносибати Рӯзи модарон ва бонувон, ки ҳамасола санаи 8-уми март таҷлил мегардад  аз тарафи садорат ва шуъбаҳои  Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ чорабинии адабиву фарҳангӣ  таҳти унвони «Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост» ташкил гардид.

Дар маҳфил директори китобхона бонувони китобхонаро ба муносибати иди модарон табрик намуда, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар корҳояшон муваффақиятҳоро таманно намуд.

Барои боз ҳам хубу хотирмон гузаштани маҳфил аз тарафи шуъбаҳои китобхона намоиши калони китобию матбуотӣ ташкил ва барои истифодаи ташрифоварандагон қарор дода шуд.


Инчунин аз тарафи кормандон порчаҳои шеърӣ дар васфи зан – модар қироат гардид. Дар баробари ин хаткунандаи факултети санъати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Абдумуталлиб Бобоев  чанд суруди хеш чорабиниро боз ҳам пуршукӯҳтар намуд.

Шуъбаи ташкилуназорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили истисос