Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

БОНУИ КИТОБДОР

еҳрномаи ҳамкорон дар сароғози марҳилаи тозаи умр)

Бо омад-омади баҳори нозанин тавъам омадани рӯзи милоди бонуи зебо, шахси кордону хушмуомила, бомаърифату соҳибфазилат ва китобдори шинохта  Шарипова Бароат фоли нек мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Шарипова Бароат 24-уми феврали соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна соли 1984 ба Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳозира Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров») дохил шуда, онро соли 1990 бо ихтисоси «Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ» хатм кардааст.

Номбурда аз соли 1990 то оғози фаъолият дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, яъне то соли 2005 дар коргоҳҳои гуногун кор кардааст.

Мавсуф аз соли 2005 то соли 2017 ҳамчун китобдори дараҷаи I  дар китобхона – филиали №2 ва аз ин сана то ин дам дар китобхона – филиали № 9-и китобхона бо ишғоли ҳамин вазифа фаъолияти пурмаҳсул бурдааст.

Саҳми Шарипова Бароат дар ташкили нуқтаҳои китобдиҳӣ ва хизматрасонии босифати китобию иттилоотӣ бо мактабу кӯдакистонҳои наздики китобхона-филиалҳои зикршуда ва Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилояти Суғд шоистаи таъкид аст.

Варақгардонии саҳифаҳои рангини фаъолияти касбии дар умум 34-солаи Шарипова Бароат ҳама аз муҳаббати беандозаи ӯ ба мактабу маориф, китобу китобхона ва садоқат ба маънавиёту дониш паём мерасонад. Яқинан метавон гуфт, ки дар як муассиса муддати 19 сол фаъолияти пурсамар бурдан далели меҳри беандоза ба ҳамон коргоҳу касб аст. Таҷрибаи корӣ, одоби касбӣ, сифатҳои вижаи китобдорӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонии собиқадори соҳа – Шарипова Бароат аз ҳар ҷиҳат барои китобдору китобшиносони ҷавон омӯзанда мебошад.

Боиси сарфарозии китобдорону китобшиносони китобхона аст, ки Шарипова Бароат дар рўзи милодаш бо Сипосномаи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ шуд. Директори китобхона Баҳром Мирсаидов ҳамроҳ бо муовини директор Мунира Ҳакимова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони китобхона Зуҳро Файзуллоева ва мудири шуъбаи кадрҳо Заррина Ҳомидова дар маҷлисгоҳи муассиса аз номи сардори Раёсати фарҳанг, муҳтарам Бахтиёр Қосимов Сипосномаи мазкур, туҳфаи хотиравӣ ва гулдастаи зеборо дар вазъияти тантанавӣ, бо таманниёти нек ба Шарипова Бароат тақдим намуданд.

Маъмурият ва ҷомеаи меҳнатии китобхона Шарипова Бароатро барои рӯзи мавлуду расидан ба синни нафақа табрик намуда, орзуманди сиҳативу саломатӣ, бахту саодати оилаву фарзандон, наберагону пайвандон ва рӯзгори хушу хотирмони муаллима мебошанд.