Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

НАВРӮЗ-ЗОДРӮЗИ ФАРҲАНГИ ҲУМОЮНИ ТОҶИКОН

«Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки ин далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву некӣ, суннатҳои он моҳиятан табииву мардумӣ мебошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 


Наврӯз оғози соли нави хуршедӣ, шуруи даври тозаи Замин ва нишони эҳёи табиат аст. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакати мо Наврӯз азамати хос пайдо кард ва бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ дарёфт. Санаи 23-юми феврали соли 2010 дар сессияи 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49-и рӯзномаи ҷаласа оид ба «Фарҳанги ҷаҳон» 21-уми март «Рӯзи умумиҷаҳонии Наврӯз» эълон гардид. Қабули ин санаи муҳим барои тамоми аҳли башар бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва онро кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар мамлакатҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Наврӯз маншаи орзуҳои навини созандаи башарият ва бунёдкориву созандагиҳост, зеро ҳама расму ойину анъанаҳое, ки дар таркиби Наврӯз ҷой доранд дар иртиботи қавию ногусастанӣ бо некию некӯкорӣ, созишу офариниш, хуррамию сарсабзиянд.

Ҷомеаи меҳнатии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳамасола ин ҷашнро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Имсол низ санаи 20-уми март кормандони китобхона бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз ва дигар санаҳои ҳумоюнӣ,  ки  ба ин рӯз тавъам меоянд, амсоли «Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо», «Рӯзи умумиҷаҳонии назм», «Рӯзи фарҳанг» маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз –зодрӯзи фарҳанги ҳумоюни тоҷикон» баргузор намуданд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, Аълочии матбуоту фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста», собиқадори соҳаи фарҳанг Нодирҷон Солиҷонов, рӯзноманигор, ходими илмӣ ва мутахассиси маркази иттилооти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ- фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Валӣ Набизод, устоди Муассисаи  давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нуров ҳамчун меҳмонони маҳфил ҳузур доштанд.


Маҳфилро директори китобхона, номзади илмҳои филологӣ, Мирсаидов Баҳром  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯз таҳният гуфт ва замони соҳибистиқлолиро бо ҳидоятҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замони рушду равнақи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, фарҳанги миллӣ маънидод кард.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон дар суханронии хеш аз таърихи таҷлили ин айёми фархунда дар шаҳри Хуҷанду музофоти он  ёдовар гардид. Мавсуф доир ба хидматҳои шоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи таъриху тамаддуни халқи бостонии тоҷик ва ободиву созандагиҳо муфассал изҳори назар кард.

Собиқадори соҳаи фарҳанг Нодирҷон Солиҷонов оид ба талошҳои Сарвари давлат доир ба мақоми ҷаҳонӣ ёфтани Наврӯз ва арзиши инсонмеҳварии ин ойини машҳури ниёгон бо далелҳои равшан суханронӣ намуд.

Шоиру муҳақиқ Нуралӣ Нуров аз таърихи пайдоишу сайри такомули ҷашни Наврӯз дар заминаи манбаъҳои қадим, асримиёнагӣ ва муосир андешаронӣ карда, бо овардани мисолҳо аз ашъори бузургони сухан, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Ҷомӣ, олимони номдори миллати тоҷик Беруниву Хайём ва дигар олимону эҷодкорон моҳияти Наврӯзро таҳлилу баррасӣ намуд.

Ҳамчунин, маърузаҳои кормандони китобхона Ҳусейнова Муҳаббат, Эргашева Муяссар ва Норматова Зӯҳрохон дар мавзуъҳои «Таърихи Наврӯзи Аҷам», «Рӯзи умумиҷаҳонии назм ва ҷойгоҳи он дар муколамаи фарҳангҳо» ва «Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо–ҳамчун омили ҳифзи иқлим» ба самъи иштирокдорони маҳфил расонида шуд.

Дар идомаи маҳфил сардори шуъбаи иттилоот ва табъу нашр Ҳамробоева Мавзуна бахши «Донишсанҷ»-ро манзури иштирокдорон намуд. Ӯ саволҳои дар монитор манзуршударо вобаста ба Рӯзҳои ҷаҳонии Наврӯз, назм ва ҳифзи пиряхҳо шарҳ дода, ҷавоби онҳоро аз ҳозирон ба шакли викторина пурсон шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар  саҳни ошёнаи дуюми китобхона вобаста ба ин ҷашнвораҳо аз ҷониби китобдорон намошҳои бошукӯҳи китобию матбуотӣ таҳти унвонҳои «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст», «Ҳифзи пирях-ҳифзи иқлим», «Пай афкандам аз назм кохе баланд», «Фарҳанг-асоси маънавиёт ва муаррифгари миллат» ташкил ва мавриди баҳрабардории ташрифоварандагон қарор дода шуд. Ҳамчунин, дастархони идонаи наврӯзӣ бо намоиши «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ороста гардид.

Маҳфил бо мулоҳизаҳои иштирокдорон, сухани ҷамъбастии директори китобхона Мирсаидов Баҳром  ва сипосгузории ӯ ба меҳмонону ташкилкунадагони маҳфил ҳусни анҷом пазируфт.

Бо ташаббуси сардори шуъбаи ташкилу назорати фаъолияти китобдорӣ ва такмили ихтисос Ҷумъадилло Қодиров, китобдорону китобшиносони он Маҳина Ашӯрова, Шафоат Тагирова дар ҳамкорӣ бо сардорону кормандони шуъбаҳои хизматрасонӣ, иттилоот ва табъу нашр, матбуоти даврӣ, толори хониш, маълумотдиҳӣ-библиографӣ, электронӣ ва дигар шуъбаву бахшҳо дар баргузории маҳфили илмӣ-фарҳангӣ нақши назаррас гузоштанд.