Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ҲАМКОРИИ СУДМАНД БАҲРИ ҒАНӢ ГАРДОНИДАНИ МАХЗАНИ КИТОБИИ КИТОБХОНАҲО

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва эҷодиву нашриётҳо ҳамеша ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Яке аз муассисаҳои бонуфуз ва сермаҳсули илмиву эҷодӣ Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» аст, ки аз замони таъсиси худ бо китобхона дар ҳамкории бомаром қарор дорад. Маркази мазкур дар таҳия ва нашри  осори адибону нависандагон, тазкираву баёзҳо, таҳияи мақолаҳои илмӣ ва нашри маҷаллаҳои илмӣ, тарҷума ва нашри осори адибони хориҷӣ ва амсоли инҳо хеле саҳми бориз дорад.

Кормандон ва пажӯҳишгарони марказ дар омода намудани беҳтарин намунаи асарҳо ва маҷмуаву китобҳо  фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри пешрафти илму адабиёти  тоҷик мақоми воло доранд.

Пайваста баробари нашр гардидани китобу маҷмуаҳо ва осорномаҳо намунаи он ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дастрас мегардад,  то хонандагон ва дӯстдорони китоб аз эҷодиёти суханварон ошноӣ дошта бошанд.

Соли равон аз ҷониби муассисаи номбурда ба китобхона 26  номгӯ китобҳои тозанашри илмиву адабӣ бо теъдоди умумии 455 нусха тақдим гардид, ки ҳоло хонандагон метавонанд ин китобҳоро аз шуъбаҳо ва китобхона-филиалҳо дастрас намуда, истифода намоянд.

Бастаи китобҳои ҳадягарида аз «Куллиёт»-и Асадуллоев С. (ҷилди 1) -20 нусха, «Куллиёт»-и Асадуллоев С. (ҷилди 2) -20 нусха, «Камолнома»- 20 нусха, «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ»-20 нусха, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ -20 нусха, «Мақомот»-и Ҳамидуддини Балхӣ-20 нусха, «Козурписар»-и Фитрати Зардӯзи -20 нусха, «Мунтахаби ашъор»-и Зуҳурии Туршезӣ- 20 нусха, «Сайр-ул-ибод»- и Саноии Ғазнавӣ-20 нусха, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳашмати Бухороӣ-20 нусха,  «Зуҳурии Туршезӣ ва анъанаҳои соқиномасароӣ»- 20 нусха «Ҷаҳоннома»-и Муҳаммад ибни Наҷиби Бакром-10 нусха, «Хусусиятҳои луғавӣ-маъноии «Ҷаҳоннома»-и М. Бакрон»-20 нусха, «Камол дар оинаи тазкираҳо»- 10 нусха, «Сафинату-л-авлиё»-и Муҳаммади Дорошукӯҳ- 10 нусха, «Мактаби Камол» (маҷмуаи шеърҳо)-5 нусха, «Китобномаи Камоли Хуҷандӣ»- 10 нусха, «Лаъли Мевағул»- 20 нусха, «Мунтахаби ашъор»-и Фавзии Хуҷандӣ -20 нусха, «Наследие Камала Худжанди на Западе»- 20 нусха, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ- 10 нусха, «Бист мақола»-и Раҳматов Б.-20 нусха, «Девон»-и Ғании Кашмирӣ-20 нусха, «Пилла-пилла то мулоқоти Худо»-и Зарринкӯб-20 нусха, «Музаккири аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани нисории Бухороӣ-20 нусха, «Интиҳонома»- и Султон Валад-20 нусха   иборат буд.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос