Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

ЁДЕ АЗ УСТОДИ МАҲБУБ

Ба муносибати 115-солагии нависандаи маҳбуб, тарҷумон, драмманавис, нависандаи халқии Тоҷикистон (1979), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1970) Раҳим Ҷалил бо ибтикори китобдорони шуъбаҳои толори хониш, илмӣ-таълимӣ, махзани китобӣ, хизматрасонӣ, матбуоти даврии  Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоши китобӣ-матбуотӣ таҳти унвони «Ёде аз устоди маҳбуб» ташкил ва барои истифодаи хонандагон пешниҳод карда шуд.  

Хонандагон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои  китобхона аз китобҳои дар намоиш будаи ин нависандаи хушсалиқа ва чирадаст истифода намуданд.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос