Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

10.05.2017. РАҲНАМОИ «КИТОБХОНАҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД» ДАСТРАСИ КИТОБДОРОН ШУД

Яке аз самтҳои омодагии китобдорон ба ҷашни 100-солагии Китобхонаи вилоятӣ таҳияи асарҳо аз силсилаи «Китобхонаи китобхонашиносӣ» мебошад. Дар семоҳаи аввали соли равон аз тарафи кормандони шуъбаи илмӣ-методӣ Қаландаров А. ва Шодиева С. маълумотномае бо номи «Китобхонаҳои вилояти Суғд» дар ҳаҷми 64 саҳифа тартиб дода шуд, ки аз тарафи нашриёти «Меъроҷ» ба табъ расид.

Дар китоби мазкур маълумоти мухтасари рақамӣ оид ба махзани китобӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ, соли таъсис ва ному насаби китобдорон, сарварону масъулони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд фароҳам оварда шудааст.

Ин маълумотнома барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияи вилоят хизмат мекунад. Он ҳамчун раҳнамо барои огоҳии ҳаматарафаи масъулони шуъбаю бахшҳои фарҳанг, кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мутахассисони соҳа аз рафти кору фаъолияти ҳамдигар, барқарор кардани робитаҳои китобхонаҳо, расонидани ёрии методии шифоҳӣ нигаронида шудааст.

Таҳия ва нашри раҳнамои «Китобхонаҳои вилояти Суғд»-ро китобдорон ва кормандони соҳаи фарҳанги вилояти Суғд хуш пазируфта, аз он ба таври васеъ истифода карда истодаанд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ