Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

31.03.2017 МАШВАРАТИ СУДМАНДИ ҚУРБОН ҒУЛОМЗОДА БО КИТОБДОРОНИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ

Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги кишвар Қурбон Ғуломзода барои омӯзиши вазъи фаъолияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.

Номбурда санаи 31-уми март бо ҳамроҳии сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиев Орифҷон ва директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром бо ҷомеаи меҳнатии китобхона мулоқот доир кард.

Мулоқотро сардори Раёсати фарҳанг Набиев Орифҷон бо табрики наврӯзии китобдорон, зикри ташрифи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба Китобхонаи вилоятӣ ва натиҷаҳои судманди он оғоз карда, гуфт, ки мақсади асосии намояндаи Вазорати фарҳанг аз ин сафар ва ҳузур расонидани ёрии методӣ, маслиҳатдиҳию раҳнамоӣ, огоҳӣ пайдо кардан аз корҳои омодагии китобдорон дар самти тайёрӣ ба ҷашни 100-солагии Китобхонаи вилоятӣ ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир шудани он мусоидат намудан аст.

Дар навбати худ Қурбон Ғуломзода  зимни мулоқот оид ба роҳҳои ҳалли муаммоҳои мубрам, камбудиҳои мавҷудаи соҳаи китобдорӣ дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан бартараф шуда истодаанд, ба китобдорон маълумот дода, ҳамзамон аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки вазъи фаъолияти Китобхона нисбат ба соли гузашта беҳтар шудааст. Китобдорон ташаббус нишон дода, дар рафъи яке аз муаммоҳои асосии соҳаи китобдорӣ – ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ кардани сатҳи хизматрасонӣ як қатор корҳои назаррасро анҷом додаанд.

Дар ин самт таъсисдиҳии толорҳои махсуси хизматрасонӣ, илмӣ-таълимӣ, аз силсилаи «Китобхонаи китобшиносӣ» таҳия ва нашр кардани «Маҷмӯаи саволу ҷавоб, тест ва гуфтор  оид ба китоб, китобдорӣ ва китобшиносӣ», «Китобхонаҳои вилояти Суғд»  иқдомҳои шоиста далели саъю талоши китобдорон аст. Ҳамаи ин ташаббусҳо барои баланд бардоштани мақоми китобдор ва соҳаи китобдорӣ равона карда шуда,  китобдоронро зарур аст, ки ба забономӯзӣ ва аз худ кардани технологияи ҷадиди компютерӣ бештар машғул шаванд, байни китобхонаҳо робитаҳои мустаҳками корӣ барқарор созанд.

Инчунин вай маслиҳат дод, ки китобдорон дар толорҳои илмии навтаъсис ба донишомӯзӣ ва таҷрибаандӯзӣ машғул шуда, таҷрибаи корӣ ва дониши касбӣ афзоянд, барои гирифтани маълумоти олӣ ва миёнаи соҳаи китобдорӣ саъю талош варзанд.

Дар поёни мулоқот директори Китобхонаи вилоятӣ иброз дошт, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, ғамхориҳои Ҳукумат ва Вазорати фарҳанг китобдоронро водор месозад, ки дар ташвиқу таблиғи аҳолӣ ба китобу китобхонӣ боз ҳам бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ