Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

24.03.2017. НАМОИШИ КИТОБӢ ДАР ШУЪБАИ АДАБИЁТИ ТИББӢ

Таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки китобдорон бо истифода аз имкониятҳои соҳавӣ онро амалӣ месозанд. Ташкил ва баргузории намоиши китобӣ дар шуъбаи адабиёти тиббӣ, ки санаи 24-уми март бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил  сурат гирифт, далели ин гуфта мебошад.

Китобдорони шуъбаи мазкур бо мақсади ба хондани китобҳои дар мавзӯи бемории сил ва пешгирии он нашршуда ҷалб кардани хонандагону донишҷӯён ин намоишро баргузор карда, зимни намоиш оид ба баъзе асарҳои илмӣ маълумот доданд.

Аз ҷумла, китоби «Бемориҳои сироятӣ ва парастории беморон»-и Талабов М.С. ва Муминов Ҷ.С., ки ҳамчун дастури таълимӣ барои донишҷӯёну муҳаққиқони соҳаи тиб таҳия ва омода шудааст, мазмунан мавриди шарҳдиҳӣ қарор дода шуд. Дар ин китоб таърих, таснифи бемориҳои сироятӣ, сохтор ва реҷаҳои кории беморхонаҳои сироятӣ, роҳу усулҳои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, вазифаҳои духтурону ҳамшираҳои шафқат ва маҷмӯан анвои бемориҳои сироятӣ маълумотҳои муфид фароҳам омадаанд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ