Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

17.03.2017. НАМОИШИ КИТОБҲОИ СОҲАИ ЗАНБӮРПАРВАРӢ

Оғози баҳор на фақат мавсими кишту кор барои деҳқонон аст, балки тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ дар ин фасл нақшаҳои корӣ ва самтҳои самараноки фаъолияти худро муайян мекунанд.

Дар Китобхонаи вилоятӣ шуъбаи техникӣ ва кишоварзӣ махсус барои бо адабиёти соҳаҳои хоҷагии қишлоқ таъмин кардани истифодабарандагон фаъолият мебарад. Дар соли ҷорӣ ин шуъба доманаи фаъолияташро нисбат ба ҳарсола васеъ карда, барои тарғиби китобҳои соҳаи техникӣ ва кишоварзӣ ҳамаҷониба кӯшиш намуда истодааст.

Санаи 17-уми март китобдорони шуъбаи мазкур намоиши кушоди китобӣ ва матбуотии “Асал–муъҷиза ва табиби беҳамто”-ро баргузор карда,  ба ин чорабинӣ занбӯрварварони вилоятро ҳам ҷалб карданд.  Занбӯрпарварон Сатторов Абдурозиқ, Бердиев Икром, Ҳоҷибоев Даврон бо сарварии раиси Асcотсиатсияи занбӯрпарварони вилояти Суғд Муродов Солибой, ҷоизадори ҳамин соҳа Ҳабибов Очилбой дар ин чорабинӣ намоиш ва фурӯши асалро ташкил намуда, маҳсулоти худро ба фурӯш бароварданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ, алалхусус занбӯрпарварон аз суханронии директори китобхона Мирсаидов Баҳром дарк карданд, ки  дари шуъбаи техникӣ ва кишоварзӣ ба рӯи аҳолӣ ҳамеша боз буда,  аз тарафи китобдорони ботаҷриба хизматрасонӣ дар сатҳи матлуб роҳандозӣ шудааст ва онҳо метавонанд китобҳои соҳаҳои хоҷагии қишлоқро барои мутолиа дар толори хониш ва хона дастрас намоянд.

Занбӯрпарвари варзидаи вилоят Ҳабибов Очилбой, ки чор маротиба ба гирифтани ҷоизаҳои ҷумҳуриявӣ мушарраф гардидидааст, суханронӣ намуд. Номбурда, пас аз табрики иштирокдорон бо иди Наврӯз ва изҳори миннатдорӣ аз маъмурияти китобхона, таъкид дошт, ки соҳаи занбӯрпарварӣ дар Тоҷикистон тайи чанд соли охир бо мусоидати Ҳукумати кишвар рушд карда, нисбат ба кишварҳои ҳамсоя дар зинаи болотар қарор дорад ва сифати маҳсулоти асалӣ дар муқоиса бо дигар давлатҳо нисбатан баланд аст.

Дар ин чорабинӣ инчунин раиси Аcсотсиатсияи занбӯрпарварони вилоят Муродов Солибой ба сухан баромада, иқдоми китобдорони шуъбаи техникӣ ва кишоварзиро дар таблиғи адабиёти соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла соҳаи занбӯрпарварӣ ташаббуси самаранок эътироф кард.

Мақсади баргузории чунин чорабиниҳои муштарак, на фақат муаррифӣ кардани махзани китобӣ, балки ба китобхона ва мутолиаи китобҳои соҳавӣ ҷалб кардани аҳолӣ мебошад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ