Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

14.03.2017. МАҲФИЛИ ШЕЪРИ АБДУЛЛОИ ФОЗИЛ ВА МУАРРИФИИ МАҶМӮАИ АШЪОРИ “САНГИ ЗӮР”-И Ӯ

Бо ташаббуси бахши Суғдии ИН Тоҷикистон ва ҳамкории Китобхонаи вилоятӣ дар доираи силсилаи маҳфилҳои “Суханварони Суғд” маҳфили шеъри шоир, узви ИН Тоҷикистон Абдуллои Фозил санаи 14-уми март бо иштироки аҳли илму адаб доир гардид. Директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром меҳмононро бо мавзӯъ ва барномаи маҳфил ошно карда, бо тақдими дастагули баҳорӣ шоир Абдуллои Фозилро ба муносибати нашри китоби “Санги зӯр” таҳният гуфт.

Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод гардонидани маҳфилро чун ҳарвақта солоронаву ботамкинона ба уҳда гирифта, бо баёни руҷӯи лирикии ифодагари зиндагии кӯҳистон ва нуфузи табиат ба дунёи андешаи шоир риштаи суханро ба номзади илмҳои филологӣ, Маликнеъмат Неъматов дод. 

Номбурда бо қироати байтҳои ҷолиб аз эҷодиёти Давлат Қувват, Олимхон Исматӣ ба нақду баррасии ашъори дар “Санги зӯр” фароҳамомадаи шоир пардохта, вайро шоири тасвиргар хонд. Илова бар ин, баробари баёни ҳусни шеъру дарёфтҳои шоирона вуҷуди сактаҳои вазнии малеҳу қабеҳ аз тарафи гузоришгар, ба қавли худаш, ба хотири ҳамвору дилрас кардани шеър, на хӯрдагирӣ аз шоир, ошкор карда шуд. Шоиру рӯзноманигор Ҷӯра Юсуфӣ дар мавзӯи инъикоси масоили худшиносӣ дар маҷмӯаи “Санги зӯр” бо овардани намуна аз шеърҳои “Афсӯс”, “Чӣ мегӯед?”, “Санги зӯр”, “Фотеҳа”, “Пиндор” суҳбат карда, дар охири сухангӯӣ ҳадяи рамзии раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раҷабзода Муҳаммадҷобирро ба шоир Абдуллои Фозил супорид.

Сармутахассиси Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ Ромиси Абдулло дар мавриди тасвирпардозӣ ва маъниофарӣ дар ашъори Абдулои Фозил изҳори назар карда, маҷмӯаи ашъори “Санги зӯр”-ро ҳосили хоставу ёфтаҳои шоиронаи ӯ баршумурд.

Донишҷӯи соли чоруми хониши факултети филологияи тоҷик Шомуҳаммадаминов Ноил дар мавзӯи васфи манзараҳои табиати Ватан дар ашъори шоир гузориши ҷолиб карда, мутолиаи маҷмӯаи ашъори ӯро барои наврасону ҷавонон ҳамчун дастури худшиносиву худогоҳӣ  зарур донист.

Абдуллои Фозил низ дар ҳузури аҳли маҳфил, бо изҳори миннатдорӣ аз гузоришгарон барои арҷгузориву ибрози назар дар мавриди ашъори ба таъбири фурӯтанонаи худаш “хомталош”-и ӯ, чанде аз шеърҳояшро қироат кард.

Дар идома шоири маҳбубу шинохта, сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” Озарахш бо самимият дар мавриди шахсияти шоир ва ҳадафи асосии эҷодкор аз таълифи шеър ба баёни андеша пардохта, маҳфили шеъри Абдуллои Фозилро маҳфили зебои наврӯзии шеър унвон дод ва луфтан ёдовар шуд, ки маҳз тавассути чунин маҳфилҳо шоир паёми худ, ҳарфи дили худро ба одамон мерасонад.

Ходими ҷамъиятӣ, бонуи фаъоли ноҳияи Мастчоҳ, шоира Сурайё Ёқубова аз гузаштаи маҳфили адабии ноҳиявии “Зарафшон”, шахсияти шоири фурӯтан ва фаъолияти эҷодии ӯ дар даврони ҷавонӣ ёдовар шуд.

Дар поёни маҳфил Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод китобҳоеро ба расми туҳфа аз номи бахши Суғдии ИН Тоҷикистон ба шоир Абдуллои Фозил бо умеди тозаэҷодӣ ва ҷӯшиши илҳом эҳдо кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ