Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

12.03.2017 ДУ РӮЗИ ТОЗАГӢ

Баҳор фасли нозанину зебои сол асту бо ҳузури сабзи худ табиат, муҳити зиндагии инсонро рангу рӯи тоза мебахшад. Табиати кишвари мо бо расидани ин фасли сабзқадам зиндаву бедор мегардад ва ҳастӣ низ бо паёми Наврӯз месабзаду мешукуфаду меболад. Ба эҳтироми Баҳору Наврӯз иваз кардани пероҳан, ҷиҳози хона, тоза кардани ҷӯбор, роҳҳо, хиёбонҳою гулгаштҳо, атрофи коргоҳу муассисаҳо аз гузаштаи дур мисли меҳмоннавозӣ расми хуби тоҷикон ба шумор меравад.

Ба ин муносибат китобдорони Китобхонаи вилоятӣ барои тозаву озода кардани атрофи бинои муассиса санаҳои 11-ум ва 12-уми март рӯзҳои тозагӣ эълон карда, дастаҷамъона машғули назофату тозакорӣ шуданд ва чанд ниҳоли сабз ҳам ҳамчун рамзи сарсабзӣ шинонданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ