Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Найсони тавҳид

Найсони тавҳид
китоби шеъри шоир Ҷумъа Қувват аст, ки соли 2012 дар нашриёти “Шаҳпар”-и шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Ин китобро шоири ваҳдатсаро ба муносибати 15-солагии Ваҳдати миллӣ эҷод кардааст. Дар ин маҷмӯа дубайтӣ, ғазал ва шеърҳои озоди ба мавзӯи Ваҳдат бахшида фароҳам омадаанд. Намуна:

 

Сахо меборад аз борони ваҳдат,
Ба рӯйи мазраи ёрони Ваҳдат.
Намонад дар ҳавою дар ҳаводис,
Ҷадалҳои ҳаводорони Ваҳдат.

Китоби мазкурро худи шоир ба китобхона моҳи январи соли ҷорӣ ҳадя кардааст. Он  дар шуъбаи толори хониш ва дигар шуъбаҳои хизматрасонӣ пайдо карда метавонед.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муаллиф аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.