Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургонаш

Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургонаш

Чунончи аз номаш пайдост, маҷмӯаи гуфторҳои аҳли илму адаб мебошад дар бораи шаҳри бостонии Хуҷанд ва номоварони ин шаҳр. Ин маҷмӯаро нависандаи маъруф Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабиев) гирдоварӣ кардааст. Китобча соли 2017 дар ҳаҷми 40 саҳифа дар нашриёти “Набӣ Фахрӣ”‑и шаҳри Конибодом нашр шуда, моҳи декабри соли ҷорӣ ба Китобхонаи вилоятӣ ҳамчун ҳадя ворид шудааст. Онро аз шуъбаҳои хизматрасонӣ  пайдо кардан мумкин аст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муаллиф ва дастандаркорони чоп аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.