Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

.”Меҳру моҳ”

”Меҳру моҳ”  Маснавии шоир Ҷамолии Деҳлавӣ мебошад, ки онро бо муқаддимаи муфассал доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ғаффорова бар асоси нусхаи ягона таҳия кардааст. Ин асар аз 580 саҳифа иборат буда, соли 2017 тавассути нашриёти “Ношир” аз нашр баромада, моҳи феврали соли 2018 ба китобхона ворид шуда, дар шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш нигоҳдорӣ мешавад.

“Аз Рӯдакӣ то Аттор”

“Аз Рӯдакӣ то Аттор” Китоби таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад, ки ба қалами адабиётшиноси маъруф, шодравон Абдулманнон Насриддин тааллуқ дорад. Асари илмиро фарзанди муаллиф, доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов таҳия карда, ба он пешгуфтор навиштааст. Ин асар ҳамчун дастури таълимӣ барои устодону донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои олӣ ва миёна хизмат карда метавонад. Китоб соли 2017 дар нашриёти “Ношир” мунташир шуда, аз 398 саҳифа иборат аст. Ин китобро алоқамандон аз шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш пайдо карда метавонанд.

Хамса

«Хамса»-и Хоҷуи Кирмонӣ. Асарест, ки бори аввал дар Тоҷикистон нашр мешавад, дуюмин хамсаи ҷавобия бар хамсаи Низомӣ мебошад. Хамса аз маснавиҳои “Равзату-л-анвор”, “Камолнома”, “Гавҳарнома”, “Ҳумой ва Ҳумоюн”, “Гул ва Наврӯз” иборат аст. Матни онро муҳаққиқони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов, Оқилбой Оқилов, Шоира Олимова таҳия кардаанд. Пешгуфтори онро Баҳром Раҳматов навиштааст. Асар аз 880 саҳифа иборат буда, соли 2017 дар нашриёти Хуросон ба нашр расида, моҳи феврал ба Китобхона ворид шудааст. Онро аз шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш метавон дастрас ва мутолиа кард.

Шаҳраки кушонии Сайёд

Шаҳраки кушонии Сайёд  Асар ба қалами Давлатхоҷа Довудӣ ва Абдувалӣ Шарифзода мансуб буда, аз натиҷаҳои хафриёт ва осори бостонии димнаи Сайёд маълумот медиҳад. Ин асар аз 112 саҳифа иборат буда, соли 2017 дар нашриёти “Эр-Граф”-и пойтахти кишвар мунташир шуда, моҳи март ба китобхона ворид гаштааст. Он барои бостоншиносон, таърихшиносон, муаллимону донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони таърихи кадими Тоҷикистон пешниҳод мешавад.