Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

АРМУҒОН БА ХОНАНДАГОН

Китоб сарчашмаи асосии илму дониш буда, тавассути он маҷмӯи афкору андеша, ҷустуҷӯву эҷодиёти шоирону нависандагон, донишмандону пажӯҳишгарон ба тамоми наслҳо чун паёми хираду маърифат ба мерос мемонад. Аҳли адаб ва саводу ҳунар саъй мекунанд, ки бо интишори китоб ва тақдими он ба ашхоси ҷудогонаву китобхонаҳо маҳсули қалами худро умри ҷовидонӣ бубахшанд.

Ҳамарӯза устодони сухан ба китобхонаи мо намунаи осори хешро чун армуғони тоза ба хонандагон тақдим менамоянд. Чанде пеш номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Ӯзбеков Салоҳиддин ва рӯзноманигори варзида Насрулло Тӯйчизода китобҳои тозаэҷоди худро ба китобхона ҳадя карданд.

 

Китоби Ӯзбеков Салоҳиддин «Вожаномаи гӯиши Андарақ» ном дошта, шарҳу тавзеҳи зиёда аз 2248 воҳиди луғавиро дар бар мегирад. Муаллиф кӯшидааст, ки дар заминаи гӯиши як деҳаи тоҷикнишини Ҷумҳурии Қирғизистон вожанома мураттаб сохта, воҳидҳои луғавии мухталифро аз лиҳози гурӯҳҳои луғавӣ-маъноӣ, мансубияти забонӣ ва ваҷҳи сохторашон маънидод намояд. Аз муҳтавои китоб бармеояд, ки бархе аз калимаву ифодаҳо гузаштаи басо тӯлонӣ дошта, дар осори ниёгон ҳамчун унсурҳои луғавии умумиистеъмол ба кор рафтаанд.

Дар китоби мазкур дар радифи аносири луғавии хоси гуфтугӯи мардуми Андарақ, ҳамзамон калимаву таркиб ва ибораву ифодаҳои дигар манотиқи тоҷикнишин низ ҷой гирифтаанд.

Вожанома барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла пажӯҳишгарони риштаи лаҳҷашиносӣ, докторантону магистрантон, донишҷӯёни бахши суханшиносӣ ва, умуман, ихлосмандони гӯишшиносӣ манзур мешавад.

Китоби дигари ба китобхона туҳфашуда «Дунёи соҳибдилон» ном дошта, ба қалами рӯзноманигори шинохта Насрулло Туйчизода тааллуқ дорад. Муаллиф дар ин асар мусоҳибаҳо, ёддоштҳо ва сафарномаҳои дар солҳои гуногун иншонамудаи худро ҷой додааст. Ӯ талош намудааст, ки аз рӯзгору осори ибратомӯзи чеҳраҳои барҷастаи адабиёт, санъат, илм ва ҳунар барои хонандаи хушзавқ ҳикоят намояд.

 

Мо китобдорону китобшиносон барои чунин ташаббуси неку судманд ба муаллифони ёдшуда сипосгузорӣ намуда, бовар дорем, ки минбаъд низ шоирону нависандагон, муҳаққиқону пажӯҳишгарон, суханварону суханпардозон, инчунин шахсони бомаърифат китобу осори хешро ба китобхона туҳфа намуда, дар ғаномандии махзани дониш саҳм мегузоранд ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи саводи наслҳои имрӯзу фардо хидмати шоиста мекунанд.

Рустам Қодиров,
корманди китобхона