Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Ба муносибати ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-43, аз 11-уми феврали соли 2021 «Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори ҳамноми ин озмун ифтитоҳ ёфт.

Чорабинӣ бо иштироки аҳли адаб, муҳаққиқон, ғолибони озмуни мазкур дар солҳои гузашта, устодону китобдорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон», намояндагони телевизионҳои вилоятиву ҷумҳуриявии «ТВ Суғд», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», хабарнигорони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Тирози ҷаҳон», намояндагони муасиссаҳои соҳаи фарҳангу маориф, аз қабили Муассисаи давлатии таърихию фарҳангии «Маҷмааи Қалъаи Хуҷанд», Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва хонандагони фаъоли китобхона баргузор гардид.

Қабл аз ифтитоҳи толор меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфил бо намоиши бошукӯҳи китобӣ, ки дар доираи тарғиби Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» омода гардида буд, ошно шуданд. Ҳамчунин онҳо аз махзани кушодае, ки дар толор аз рӯи панҷ номинатсия, аз қабили «адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ», «адабиёти классикӣ», «адабиёти муосир», «адабиёти ҷаҳон» ва «эҷоди назму наср» асарҳои адибону нависандагон, олимону донишмандони Тоҷикистон ва ҷаҳон ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудааст, низ дидан намуданд. 

Толор пурра барои талаботи озмун нигаронида шуда, дар даромадгоҳи он мизи бақайдгирӣ ниҳода шудааст. Ҳар як довталаб нахуст дар дафтари махсуси бақайдгирӣ худро номнавис мекунад.

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР КИТОБХОНА

Махзани кушода имконият медиҳад, ки хонанда бо намунаи осори адибон ошно гардида, китобу асарҳои дилхоҳашро  интихоб намояд, аз мавҷудияти осори суханварони гуногун, куллиёту маҷмӯаҳои онҳо, инчунин аз силсилаи китобҳои дар зери як лавҳа (рубрика) интишоргардида иттилоъ ёбад, чунки дар китобхонаҳо зери лавҳаҳои «Аз ҳаёти одамони наҷиб», «Классикон ва муосирон», «Адабиёти ҷаҳонӣ» (бо забони русӣ), «Ахтарони адаб» (бо забони тоҷикӣ) садҳо ҷилд мероси маънавии шоирону нависандагон ва драматургони машҳури олам ба табъ расидаанд.

Толори навтаъсис барои баргузор намудани экскурсияҳо, маҳфилҳои рӯнамоии китобҳо, суҳбатҳову мубоҳисаҳои адабӣ, конфронси хонандагон, мулоқот бо адибон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба мутолиаи китобу шинохти адабиёти бадеӣ, огоҳӣ аз коргоҳи эҷодии қаламкашон, шеваҳои нигориш, бардошту ҳамкориҳои адабии суханварон, муталлеъ будан аз мактабу ҳавзаҳои эҷодии ватаниву хориҷӣ нақши муассир хоҳад дошт.

Аз дигар ҷониб, толор дар назди шуъбаи хизматрасонии китобхона амал намуда, боиси ҷалби бештари истифодабарандагон мегардад, зеро шуъбаи мазкур доираи васеи фаъолият ва хадамоти китобиро бар уҳда дошта, асосан ба хонандагоне, ки ба хона барои мутолиа китоб мегиранд, хизмат мерасонад. Табиист, ки ҳар нафари ба шуъба воридшаванда аз мураттабию муназзамӣ ва фарогир будани махзани кушода истифода мекунад ва завқу шавқи китобхонии ӯ афзун мегардад.

Ҷамъомад бо тамошои намоиши слайдӣ оғоз гардида, иштирокчиён аз навору ороишоти электронӣ бо муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барои баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ошно гардиданд. Сипас, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов дар хусуси арзишу аҳамияти ин ташаббус ва нақшу ҷойгоҳи китобдорону китобшиносон дар татбиқи тадбирҳои судманди Роҳбарияти олии мамлакат изҳори назар намуда, ҳамагонро аз ҳадафҳои таъсиси толор ва мундариҷаи чорабинӣ мутталеъ сохт.

Дар навбати худ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ дар суханронии худ қайд намуд, ки китобдорони китобхона дар баргузор намудани шаклу шеваҳои гуногуни чорабиниҳо таҷрибаи ҳамаҷониба дошта, баробари хизматрасонии босифати китобию иттилоотӣ барои такмилу ғаномандии фазои маънавию фарҳангии ҷомеа ҷойгоҳи хос доранд. Ифтитоҳи толор худ шаҳодати он аст, ки дар пайи тасвиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ифтихору сарфарозӣ ҳамовозии хешро ифода намуда, дар фурсати кӯтоҳ тадбирҳои омӯзандаро рӯйи кор оварданд.

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов иқдоми кормандони китобхонаро ҷиҳати ташкили толори мазкур хуш пазируфта, афзуд, ки ифтитоҳи он барои ҷалби бештари хонандагон ба китобхона заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Раёсати фарҳанги вилоят тамоми ташаббусҳои китобхонаи вилоятиро, ки яке аз бузургтарин муассисаҳои фарҳангӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дастгирӣ менамояд. Мавсуф таъкид дошт, ки дар ҳақиқат, мутахассисони китобхона ҳамарӯза ба китобдорони китобхонаҳои вилоят ёрии дастуриву методӣ мерасонанд ва таъсиси толор ҳам намунаи равшани пешниҳоди таҷрибаву навоварӣ ба тамоми китобхонаҳо ба шумор меравад.

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР КИТОБХОНАҲангоми суханронии хеш  собиқадори меҳнат, Аълочии фарҳангу матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов, ки наздик 50 соли умри хешро ба соҳаи китобдориву китобшиносӣ бахшидааст, ёдовар шуд, ки дар таърихи муосир барои баланд бардоштани тафаккуру маънавияти наслҳо бо чунин шукуҳу шаҳомат, ғамхориву дурандешӣ озмунҳои фарогиру саросарии китобхона ташкилу баргузор нашудааст. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида, аз даври якум то даври чорум ҳазорон нафар аз ҷиҳати моддиву молӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, вилоят ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ меёбанд.  

Сипас, декани факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», дотсент Тиллохоҷаева Муҳаббат ба сухан баромада, иброз дошт, ки китобхона маконест, ки ҳамарӯза ҳазорон хонандаро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ин махзани хирад ҷойи илмомӯзӣ, маърифатандӯзӣ ва хонаи дарёфти иттилооти тозаи илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буда, ҳам махзани китобӣ ва ҳам бахши рӯзномаву маҷаллаҳо дар ғаномандии саводи наслҳо аз арзиши баланди иҷтимоиву таърихӣ бархурдоранд. Бахусус, аз ин толори бошукӯҳ боз хонандагони зиёд истифода бурда, дар баробари сайқали дониш, инчунин дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок меварзанд ва ғолибият ба даст меоваранд. Мавсуф гуфт, ки донишҷӯёну магистрантон, унвонҷӯёну муҳаққиқони ҷавон, докторантон ва кулли устодону омӯзгорони донишгоҳ аслан парвардаи домону хони ҳикмати ҳамин китобхона мебошанд. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз ҳам робитаи устодону донишҷӯёнро бо Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ қавитару устувортар намуд. Аз ин рӯ, ифтитоҳи ин толор як қадами маҳкам дар роҳи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат аст.

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР КИТОБХОНА

Доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод дар баромади хеш иқдоми пешгирифтаи кормандони китобхонаро амали саривақтӣ дониста, таъкид кард, ки толори мазкур тамоми ниёзҳои довталабро бароварда мегардонад. Ифтитоҳи чунин толор дар сатҳи ҷумҳурӣ баъд аз  ба тасвиб расидани Амри Президенти кишвар  аввалин шуда, дар Китобхонаи  вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  роҳандозӣ карда шуд, ки ин аз масъулияти баланд доштани китобдорону китобшиносони ин даргоҳ гувоҳӣ медиҳад.

Мудири кафедраи забони тоҷикии МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аслам Каримов дар баромадаш гуфт, ки ташкили толор бисёр муҳимму саривақтӣ буда, дар он асарҳои ифодакунандаи мазмуну муҳтавои озмуни зикршуда пурра ҷой дода шудаанд. Аз чунин шароит истифода бурда, мо устодони донишгоҳ минбаъд тамоми донишҷӯёнро ба ин толор ҷалб менамоем. Дотсент Аслам Каримов бо қироати як шеъри ҷолибу ҷаззоб аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ табъи ҳозиринро болида гардониид.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», номзади илмҳои филологӣ, шоир ва муҳаққиқ Баҳроми Раҳматзод иброз намуд, ки ифтитоҳи чунин толор барои оммавигардонии мутолиаи китоб ва фарҳанги истифодаи он саҳми арзанда мегузорад. Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» минбаъд низ ҳамкориро бо китобхона вусъат бахшида, барои ғанӣ гардонидани махзани кушода саҳми худро мегузорад.

Баъди суханронии устодону меҳмонони чорабинӣ ғолибони озмуни мазкур дар солҳои гузашта Сарфарозиддин Иморуддинов, Ҷавоҳир Ашӯров, Осими Оқил, Покиза Шодмонзода мулоҳизаҳои худро перомуни ташкили толор баён намуда, ҳамзамон аз ашъори суханварон чанд намуна қироат карданд. Дар охир дастпарвари Кӯдакистони №33 Самия Расулӣ, толибилмони Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд Шоҳиҷаҳон Баҳромзода, Сумая Фарҳодҷонзода, хонандаи Гимназияи №1-и шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муслима Абдувоситова ва хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Хуҷанд Қӯзибоева Лайло аз ашъори шоирони классикиву муосир шеърҳо қироат намуданд.

Гуфтан зарур аст, ки толор бо мизу курсиҳои нав, ду таҷҳизоти гармидиҳанда, намоишҳои барқадду оинагии китобӣ муҷаҳҳаз буда, деворашро намунаи суратҳои адибони классикиву муосири тоҷик, шоирону нависандагони хориҷӣ, ки осори онҳоро дар доираи чор номинатсия довталабон мутолиа менамоянд, оро додааст.

Марҳабо, ба толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»!

Мавзуна Ҳамробоева,
Манишвар Тоҳирӣ,
Китобхонаи вилоятии оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ