Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

НАМОИШИ КИТОБӢ: АСАЛ – МӮЪҶИЗАИ ТАБИАТ АСТ

Асал як навъ маҳсулоти хӯрокиест, ки занбур аз шаҳд ва гарди гул ҳосил мекунад. Дар Тоҷикистон занбурпарварӣ чун соҳаи мустақили хоҷагии халқ соли 1934 ба вуҷуд омадааст. Солҳои пеш аҳолии таҳҷоӣ асалро асосан аз ковокии дарахтон ва тарқиши шонҳо мегирифтанд. Асал ду навъ мешавад: Асали гул (аз шаҳд) ва асали шапарак (аз шакараки растанӣ). Асалро занбӯр барои ғизо ҳосил мекунад. Асали шапарак ва асали гуле, ки бо асали шапарак омехта аст, барои ғизои занбӯр зиёновар буда, онро нобуд мегардонад. Таркиби химиявии асал ба намуди растанӣ, шароити маҳал ва фасли сол вобаста аст. Асали гул беҳтарин навъи асал буда, дар таркибаш 15-20% об, 80-85% карбогидратҳо / глюкоза, фруктоза, сахароза, моддаҳои минералӣ ва кислотаҳои органикӣ бештар дорад. Асали шапарак тираранг буда, баъзан бадтаъму бебӯй мешавад. Асали шапарак нисбат ба асали гул сахароза, моддаҳои минералӣ ва моддаҳои органикии бештар дорад. Асалро аз шенҳо бо воситаи асалкашак ва ё бо роҳи фишурдан мегиранд. Бо мақсади хушбӯй гардонидан ё додани рангу таъми дилхоҳ баъзан чанд навъи асали аз растаниҳои гуногун ҳосилкардаро ба ҳам меомезанд.

Санаи 29-уми марти соли равон тибқи нақша бо ташабуси китобдори дараҷаи дуюми шуъбаи техникӣ ва кишоварзии китобхона Фирӯза Қаюмова таҳти унвони «Асал – мӯъҷизаи табиат аст» намоиши китобӣ ташкил карда шуд, ки аз он хонандагону донишҷӯёни зиёде дидан намуданд. Китобҳои ба намоиш гузошташударо дар шуъбаи техникӣ ва кишоварзии китобхона дастрас ва мутолиа намоянд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ