Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

04.12.2017 МУАРРИФИИ КИТОБИ “ИСТИЛОҲОТИ ҲУҚУҚ ВА ВИЖАГИҲОИ ЛИНГВИСТИИ ОНҲО”

Санаи 4-уми декабр дар толори Китобхонаи вилоятӣ муаррифии китоби тозанашри доктори илмҳои филологӣ, профессор Шокиров Туғралхон “Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо” бо иштироки олимону донишмандони соҳаи забоншиносӣ ва ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ ва ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гашт.

 

Мудири кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аслам Каримов сухани ифтитоҳӣ гуфта, дар бораи фаъолияти илмии профессор Шокиров Туғралхон иттилоъ дод.

Аз гузориши сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи вилоятӣ таҳти унвони “Мулоҳизаҳои библиографӣ оид ба осори профессор Шокиров Туғралхон”  истифодабарандагон дарк карданд, ки аксари осори забоншиноси номбурда дар махзани Китобхонаи вилоятӣ мавҷуд аст.

Мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанов чанде аз андешаҳояшро оид ба китоби муаррифишудаистода дар маърӯзаи мухтасаре бо номи “Назари жарф ба таърихи сеҳазорсолаи истилоҳоти ҳуқуқ” ба самъи иштирокчиён расонида, профессор Шокиров Туғралхонро ҳамчун бунёдгузорони лингвистикаи ҳуқуқшиносӣ дар кишвар эътироф кард.

Дар навбати худ мудири кафедраи таърихи Ватани ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев бо маърӯзаи “Ҷанбаҳои таърихии истилоҳоти ҳуқуқ дар асари “Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо”-и профессор Туғралхон Шокиров”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ Абдусамад Болтуев дар мавзӯи “Назари лингвистии академик Шокиров Т.С. ба истилоҳоти ҳуқуқ” баромад карда, аз мазмуну мундариҷаи китоби мазкур, мушкилиҳои таълифи он изҳори назар карданд.

 

Профессор Туғралхон Шокиров ба минбар баромада, оид ба сабабу зарурати таълифи асари мазкур сухаронӣ намуда, барои ҳифзи забони давлатӣ  аз калимаву истилоҳоти нозебо пешниҳоди судмандеро ба тариқи зайл ироа кард:

-Таъсири пешрафти технология ба зиндагии мардум сабаби теъдодан афзудани наввожаҳо дар забонамон шуда истодааст. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ки рӯзномаву маҷаллаҳо 3 моҳ, ё 6 моҳ, ё ақаллан 1 сол як бор тамоми калимаҳои нави истифодакардаашонро рӯйхат карда, мавриди рӯнамоӣ ва муҳокимаи оммаи васеъ қарор диҳанд, то дар натиҷа корбурди неологизмҳои ҳамаҷиҳата дуруст ҳамчун истилоҳвожаи нав ба ҳукми истифода дарояд ва бо ин кор пеши роҳи паҳншавии калимаву истилоҳоти нозебову мазмунан нодуруст гирифта шавад. 

Профессор Шокиров Туғралхон дар поёни суханрониаш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву пуштибонии зиёиёни кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамчунин ба забони давлатӣ ва арҷгузории он диққати махсус додани раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодириро ёдовар шуда, баргузории муаррифии китобашро дар Китобхонаи вилоятӣ далели фаъолияти хуби Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурӣ донист.

Доир ба шахсият ва фаъолияти профессор Шокиров Туғралхон ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

www.famous-scientists.ru/12837/

tg.wikipedia.org/wiki/Туғрал_Шокиров

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ