Чорабиниҳои моҳ

  • 01.10.2024 - аёдати куҳансолони соҳа

    «Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!» (ба муносибати Рӯзи куҳансолон)

    04.10.2024 - муаррифии китобҳо

    «Варзишгарон мояи - ифтихори мо» (тарғибу ташвиқи соҳаи варзиш)

    05.10.2024 - намоиши китобӣ

    «Забони модариям - ифтихорам» (ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

  • 06.10.2024 - намоиши китобӣ

    «Баланд аст аз фалак, номи муаллим» (ба муносибати Рӯзи омӯзгорон)

    08.10.2024 - муаррифии китобҳо

    «Замин зар- деҳқон заргар» (ба муносибати Рӯзи кишоварзон)

    10.10.2024 - суҳбат

    «Ровии хушилҳон ва ҳунарманди нотакрор» (ба муносибати 85-солагии актёр ва коргардон, Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон, Маҳмудҷон Воҳидов)

  • 10.10.2024 - суҳбат

    «Биё овози кайҳонӣ барорем...» (ба муносибати Рӯзи Фалак)

    15.10.2024 - маҳфили «Дӯстдорони китоб»

    «Шоир - лирик» (ба муносибати 210-солагии Михаил Лермонтов)

    16.10.2024 - намоиши китобӣ ва суҳбат

    «Кинои тоҷик –ифшогари ҳаёти маънавӣ» (ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик)

  • 18.10.2024 - лавҳаи китобхонавӣ»

    «Пахта- боигарии асосии давлат» (ба муносибати маъракаи ғуничини пахта)

    20.10.2024 - суҳбат

    «Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист» (ба муносибати Иди Меҳргон)

Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгорон, падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон...

Муфассал...


АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъат ва ҳунар чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якуму дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

Муфассал...

Аҷоиботи олами китоб

Аҷоиботи олами китоб

Дар қалъаи Бастилия на фақат сиёсатмадорону донишмандону китобнависонро, балки “Қомуси Фаронса”-и Дидро ва Д`Аламберро ҳам бо сабаби ба дин ва тафаккури ҷомеа зараровар будан ҳабс карда буданд.

Хабарҳои охирин