Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Китоби “Ҷондоруи ҷон” маҷмӯаи даҳуми аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Кулолӣ мебошад. Дар ин китоб 132 ғазал ва 3 ғазалмаснавии дар татаббуи шайх Камол иншошудаи шоир гирдоварда шудааст. Муаллиф бо китоби нави худ на танхо бо ҳамзамонон, балки бо гузаштагони гавҳаршиноси нерӯманд баҳс  ороста, паҳлӯҳои тозаи маъниро кушода, хонандаро барои қавй гардондани ҷаҳони андеша таҳрик додааст. Дар тазминҳои Кулолӣ дар қатори маънихои ирфони зикри замон, дарду доғи замин, рафторхои ношоистаи Амрико нисбати давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Миср, Фаластин, Сурия, норасоиҳои иҷтимоию иқтисодии мардум ба чашм мерасанд.

Китоб ба алоқамандони шеъри муосир дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 516 саҳифа бо теъдоди  300 нусха мунташир шудааст.