Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“ЛЕКСИКА ВА ФРАЗЕОЛОГИЯИ ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ АНДАРАҚ”

“ЛЕКСИКА ВА ФРАЗЕОЛОГИЯИ ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ АНДАРАҚ”

“ЛЕКСИКА ВА ФРАЗЕОЛОГИЯИ ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ АНДАРАҚ” рисолаи олими лаҳҷашинос Ӯзбеков (Вайдуллозода) Салоҳиддин мебошад, ки соли 2014 бо ҳаҷми 184 саҳифа дар нашриёти “Нури маърифат”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.Китоб аз шумори аввалин таҳқиқотест, ки мухтассоти лаҳҷаи тоҷикони деҳаи Андарақи Ҷумҳурии Қирғизистонро фаро мегирад. Дар рисола таркиби луғавии лаҳҷа, вожаҳои классикӣ дар забони мардум, таҳқиқи диалектизмҳо, аз ҷумла диалектизмҳои иқтибосии арабиасл, туркию ӯзбекӣ, русӣ-байналмилалӣ, вожагони хос, мансубияти диалектизмҳо ба ҳиссаҳои нутқ, гурӯҳбандӣ ва сохтори диалектизмҳо, қабатҳои луғавию маъноӣ, хусусияти луғавию маъноии таркиби луғавӣ, гурӯҳбандии фразеологизмҳои лаҳҷавӣ аз лиҳози тобишҳои маъноӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.