Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Низомиддин Зоҳидӣ (мухтасари рӯзгор ва феҳристи осор)

Узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Низомиддин Зоҳидӣ (мухтасари рӯзгор ва феҳристи осор) дар таҳия ва танзими номзади илмҳои филологӣ, дотсент Насимҷон Ҳамробоев бо пешгуфтори академик Носирҷон Салимӣ ба муносибати 60-солагии ховаршиноси шинохта, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ соли 2017 тавассути нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 72 саҳифа мунташир шудааст.